ХАБАРИ ДОҒ

Муаррифии тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо

  • Чоршанбе, Июн 23 2021

7 июни соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович, бо иштироки Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Накҳатзода Моҳбону, инчунин роҳбарони сохторҳои калидии БМТ барои ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар Тамсилаи (модели нав) мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (ТМНШГВАММПИМ) муаррифӣ карда шуд.

Нахуст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович оид ба мақсадҳои асосии ТМНШГВАММПИМ, аз ҷумла таъмини шаффофияти ниҳодӣ ва рақобати солим дар бозори дохилии асъор, нигоҳ доштани таъмини мутавозунии дастрасӣ ба воситаҳои асъорӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Ҷамолиддин Камолович таъкид бар он дошт, ки ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди ин тамсила тақвият дар самти дастрасӣ, шаффофият ва усули ягона барои ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолии асъорӣ, бартараф намудани омилҳои инсонӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рейтинги байналмилалӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва бо ин восита коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар муомилот, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ҷиҳати замина гузоштан ба рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир мебошад.

Тавре дар идома Муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода зикр кард, тамсилаи мазкур барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути зиёд шудани амалиётҳои интиқолӣ дар бозори кортҳои пардохтӣ боис гардида, ба баланд бардоштани маърифати рақамии молиявии аҳолӣ оварда мерасонад ва ба ин васила дастрасӣ, истифодабарӣ ва сифатнокии хизматрасониҳои молиявиро вусъат бахшида, фарогирии куллии молиявии аҳолиро таъмин менамояд.

Сипас, ба таваҷҷуҳи иштирокдорон дар мавзӯи ТМНШГВАММПИМ аз ҷониби масъулини Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли рӯнамоӣ маълумоти васеъ пешниҳод гардид, ки дар он дороиҳои асъории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз байн рафтани омилҳои инсонӣ, коҳишёбии хавфҳои асъорӣ, диверсификатсия ва афзоиш ёфтани даромади ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, камшавии талабот ба эмиссияи пули нақд, рушди ҳаҷми интиқол тавассути кортҳо, таъмини шаффофият, зиёд гардидани сандуқи амонатӣ ва сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвият бахшидани чораҳои зиддиковидӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, коҳишёбии хавфи МҚД/МТ/МПСҚО, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ таҳлил ва мавзӯи муҳокима қарор дода шуд.

Муовини якуми Раиси БМТ зимни муҳокимаронӣ таваҷҷуҳи намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявиро ба чанд нуктаи муҳим, ки тамсилаи мазкур имкон медиҳад, аз қабили ташкили шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба тамсилаи солими бонкӣ, тағйир ёфтани биниш ва миссияи ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бонкӣ, зиёд намудани тамоюли рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани буферҳои ҳимоявӣ, коҳиш додани осебпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз шокҳои берунӣ, баланд бардоштани самаранокии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рушди миёнаравии молиявӣ ва ба ин васила дар асоси омӯзиши рафтори истеъмолкунандагон ба роҳ мондани стратегияи фаъолият ҷалб намуд.

Дар муҳокимаронии ТМНШГВАММПИМ роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, Раиси ҶСК “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов, Муовини якуми Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова, директори генералии ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” Фирдавс Маюнусов вобаста ба тартиби роҳандозии Тамсилаи нав ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, барои ҷолибтар гардидани он фикру мулоҳиза ва пешниҳоди худро баён доштанд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович дар хотима чунин изҳор кард: “Вақти он расидааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз тамоми имконоти фароҳам овардашуда бо истифода аз механизми шаффоф, ки таъсири омилҳои инсониро дар низом аз байн мебарад, барои беҳтар кардани нишондиҳандаҳои молиявӣ, роҳандозӣ намудани фаъолияти мустақилона ва ба ин васила барои ноил шудан ба эътимоди аҳолӣ ва хубтар кардани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани дастрасии молиявии аҳолӣ саъю талош варзида, рӯ ба рушд оварем”.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter