Дар соли 2021, дар баробари роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, БДА ҶТ «Амонатбонк» низ, ҳамчун бонки аъзо дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд.
Вобаста ба ин, санаи 16 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти БМТ, Котиби генералии СҲШ ҷаноби Норов Владимир Имамович ва роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод оғоз гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинӣ Котиботи генералии СҲШ, роҳбарони Ширкати молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой ва Ҳабиб Бонк Лимитеди Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК «РСК Банк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинии мазкур тибқи Рӯзномаи ҷаласа 6 масъалаи муҳим дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасии намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд.
Аз ҷумла;
1.Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ;
2.Тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд;
3.Баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои (2022 - 2026);
4.Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;
5.Ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон;
6.Баррасӣ ва тариқи овоздиҳӣ интихоб намудани бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо дастгирии ҳамаи бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии Амонатбонк Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои то соли 2026 қабул гардид.
БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба қадами устувор мегузорад.
Аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. ва Раиси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” мӯҳтарам Игор Шувалов ёддошти тафоҳум байни БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” ба имзо расид.
Тибқи ин санад, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои муштарак, додани қарзҳои мақсаднок ва кушодани хатҳои қарзӣ барои маблағгузории лоиҳаҳое, ки дар қаламрави Россия ва Тоҷикистон амалӣ мешаванд байни ҳамдигар ҳамкориро ба роҳ монанд.
Ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.
Илова бар ин, ёддошти тафоҳум татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳо, аз ҷумла бо иштироки бонкҳои бисёрҷонибаи рушд, инчунин таҳлил ва арзёбии муштараки имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо дар асоси шарикии давлат, бахши хусусӣ, ва сохтори онҳоро дар бар мегирад.
Дар баробари ин БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ.РФ” нақша доранд, ки бо маблағгузории лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки на танҳо дар Россия ва Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи минтақа амалӣ мешаванд, ба амиқсозии ҳамгироии иқтисодӣ дар фазои Авруосиё саҳм гузоранд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолият
Санаи 6-уми сентябри солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни таърихӣ, Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сайфзода Ш.Ҷ., сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Раёсати Бонк инчунин меҳмони даъватгардида ходими намоёни давлатӣ мӯҳтарам Мусоева Р.Ғ. баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. кули кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Қайд гардид, ки си сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид. Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа аст. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30-соли Истиқлолият, ки бо шарофати хиради азалии фарзандони фарзонаи тоҷик, махсусан азму иродаи қавӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ин нигоҳ доштани фазои орому осуда дар кишвар мебошад.
Мӯҳтарам Икромӣ С.С. аз фаъолияти назараси Амонатбонк низ ҳамчун бонки давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” дар тули 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастрасу қуллай гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди босифату саривақтии он кӯшишӣ хамешагӣ намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардида, ҳамчун бонкӣ мардумӣ шинохта шудааст.
Дар рафти чорабинӣ ходими намоёни давлативу сиёсӣ мӯҳтарам Рафиқа Мусоева, ки худ иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамсафи Пешвои муаззами миллат буданд, аз рафти чигуна ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва корнамоиҳои бевоситаи фарзонафарзанди миллат Роҳбарияти олии кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки маҳз бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем Истиқлоли давлатиро ба даст оварда Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад. Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.
Мӯҳтарам Рафиқа Мусоева дар охири маърӯзаи хеш иброз доштанд, ки мо бояд ба қадри заҳматҳои фидокоронаи Роҳбарияти олии кишвар расида бошем, шукронаи обдиву осоиштагии ватан карда бошем, зеро ин ҳама неъмати бебаҳо сулҳ суббот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.
Моро месазад шукргузор аз ин ободиву осоиштагӣ кунем ва ба қадри ҳама талошҳои Роҳбарияти олии кишвар расида бошем.
Раиси Шӯрои занони Амонатбонк Раҳимзода Ш.Д. низ бо маърӯзаи хеш баромад намуда, аз моҳият ва аҳамияти ҷашни таърихӣ ва фархунда, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки имрӯз тавваҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвар алалхусус Роҳбарияти олии кишвар вобаста ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занону бонувон дар ҷомеа хеле зиёд равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва эътимоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат, шумораи занон дар Амонатбонк дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3 маротиба афзуда, ба 1279 нафар расидааст, ки 43%-и шумораи умумии кормандонро дар соҳа ташкил мекунад.
Аз ҷониби аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк дар васфи Истиқлоли ватан шеърҳои пурмазмун ва пурмӯҳтаво қироат гардида ба чорабинӣ шаҳомати хоса зам намуд.
Дар охири чорабинии тантанавӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва як қатор кормандони Раёсати Бонк бо ифтихорнома ва сипосномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи фаъолияти Амонатбонк, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва тарғибу татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»