ХАБАРИ ДОҒ

Бонкҳои Тоҷикистон: кор соати 16 тамом мешавад?

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

Аз редаксия: Мақолаи “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”-и муаллиф Шокир Наим, ки 02.09.2021 (№35,676) дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шуд, боиси на танҳо вокуниши бонкҳои фаъолияткунандаи кишвар, балки мизоҷони зиёд низ гашт. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзӣ масъалаи дар ҳафтаномаи “СССР” нашршударо пайгирӣ намуда, аллакай ба идора аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вокуниш карда шуд. Воқеан ҳам дар ин маврид аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси Ориёнбонк-Ҳасан Саъдуллозода барои вокуниши оҷил ва пайгирии мавзуъ сипосгузорем.

Мо муҳимтарин нуқтаҳои посухи бонкҳои кишварро ин ҷо мекорем, то мизоҷоне, ки дар робита ба мушкилоти бонкӣ дар минтақаҳо ба редаксия арз кардаанд, ҷавоби суолоти худро дарёбанд.

 

БМТ: 33 филиали шабонарӯзӣ фаъоланд

Тавре дар посухи Бонки миллии Тоҷикистон ба идораи газета гуфта мешавад, реҷаи кории ташкилотҳои қарзӣ мисли дигар муассисаҳо аз соати 8:00 то соати 17:00 муқаррар шуда, дар асоси он ташкилотҳои қарзӣ реҷаи кории воҳидҳои сохтории худро мустақилона муайян менамоянд. Бо вуҷуди ин, бо мақсади таъмини дастрасии доимии аҳолӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба хизматрасониҳои амалиёти мубодилавӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ ташкилотҳои қарзӣ дар ҷойҳои фаъолияти шабонарӯзӣ чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти на камтар аз 1 адад маркази хизматрасонии бонкии амалкунандаашонро ба реҷаи шабонарӯзӣ (24 соата) гузарондаанд ва дар баъзе филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ фаъолияти кории 9, 12 ва 24 соатаро ҷорӣ намудаанд.

Айни замон, ҷиҳати дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзие, ки баъд аз соати 17:00 фаъолият мекунанд, 33 ададро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, барои дастрасии шабонарӯзӣ (24) ба хизматрасониҳои бонкӣ барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ воистаҳои дигари хизматрасонӣ мавҷуд аст.

 

1 258 банкомату 4 миллион корт...

Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар 1 258 адад банкомат насб гардидааст, ки ҳамасола теъдоди онҳо меафзоянд. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар банкоматҳо дастрасанд, аз ҷумладар шаҳри Душанбе-377 адад, вилояти Хатлон-295 адад, вилояти Суғд-392 адад, НТҶ-169 адад ва ВМКБ-25 адад рост меояд.

Дар ин давра, наздики 4 млн. кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ки аз имконоти дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва намудҳои гуногуни воситаҳои пардохт шаҳодат медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳолатҳои ғайрифаъол будани банкоматҳо дар манотиқи дурдаст мегӯяд, ки он на танҳо аз ҳисоби набудани пули нақд, балки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла қатъ гаштани нерӯи барқ ва ё дастрасӣ надоштан ба шабакаи Интернет,ба амал меояд.

 

“Амонатбонк”- 25 хазинаи 24-соата

Раҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар посухи худ, ки мо шураи гузашта онро пурра нашр карда будем, қайд намудааст, ки айни замон дар сар то сари кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он бо 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст. Реҷаи корӣ дар қисми амалиётӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” аз соати 08:00 то соати 16:00 ба роҳ монда шудааст.

Вақти корӣ ба чунин тарз тақсимот гардидааст: аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар 1 рӯз 7 соати корӣ ва рӯзи шанбе 5 соат (то соати 13:00). Яъне 5 рӯзи корӣ баробар аст ба 35 соат ва бо дарназардошти 5 соати рӯзи шанбе дар маҷмӯъ 40 соати кориро дар 1 ҳафта ташкил мекунад. Танаффус аз соати 12:00 то соати 13:00 пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои шанбе бошад, аз соати 08:00 то соати 13:00 бетанаффус муқаррар гардидааст. Чунин тартиби коргузорӣ дар доираи талаботи боби 6, моддаи 67-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад, ба роҳ монда шудааст.

«Амонатбонк» бо мақсади дастрасии бештари хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ баъд аз вақти корӣ ва ҳамзамон ба сайёҳону меҳмонони кишвар, хизматрасонии шабонарӯзиро дар 25 адад хазинаҳои худ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар бо дарназардошти шумораи зиёди аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон 16 адад хазинаҳои шабонарӯзии бонк фаъолияти доимӣ доранд.

 

“Ориёнбонк”: кор аз соати 08:00 то 16:00

ҶСК “Ориёнбонк” дар номаи ҷавобии хеш ба идораи рӯзнома таъкид медорад, ки соати корӣ дар бонки мазкур мувофиқи реҷаи корӣ рӯзҳои душанбе-шанбе аз соати 08:00 то соати 16:00 ба роҳ монда шуда, рӯзи якшанбе истироҳат аст.

 

“Бонки Эсхата”: ҳисоббаробаркунии тавозун муҳим аст

ҶСК «Бонки Эсхата» низ мегӯяд, ки реҷаи корӣ барои кормандон аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа муқаррар шуда, тибқи соати кории ҳаштсоата-аз соати 08:00 то 17:00 фаъолият менамояд. Рӯзи шанбе соати корӣ барои сохторони маҳдуд аз соати 08:00 то 12:00 ба роҳ монда шудааст. Аммо бояд қайд кард, ки бонки мазкур дарҳои худро барои хизматрасонӣ ба мизоҷон аз соати  08:30 то 16:00 боз мекунад, ки ин ҳам сабабҳои худро дорад. Бонк бояд ҳар субҳ ба қабули мизоҷон омодагӣ дида, охири рӯз аз соати 16:00 то 17:00 бояд ҳисоббаробаркунии тавозуни рӯзро ҷамъбаст карда, хазинаи бонкро маҳкам кунад.

Барои пешниҳоди хизматрасонии хуб бошад, бонк дар ҷойҳои серодам нуқтаҳои бегоҳирӯзӣ-реҷаи корӣ то рӯзи шанбе ва то соати 21:00 ва шабонарӯзиро-реҷаи корӣ 24 соата ташкил кардааст, ки мизоҷон тавонанд талаботи худро қонеъ намоянд.

ҶСК “Бонки Эсхата” айни замон дорои 22 филиал ва беш аз 160 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ дорад.

 Дар зимн 1 нуктаро бояд зикр кард, ки бо ин ҳама нуқтаву филиалҳо Бонки Эсхата шояд 1 номаи расмӣ, бланка надоштааст, ки посухашонро ба дасти ким-кадом ҷавони ношинос, ки ҳатто номи газетаро талаффуз карда наметавонист ва бе имзову мӯҳр ба редаксия ирсол намуд. Ба “корманди Бонки Эсхата” маҷбур-фаҳмон кардем, ки бе имзо, мӯҳр, бланкаи расмӣ, посух қабул намешавад. Баъди чанде ин ҷавон номаро оварда, дар кабинети шафат партофта “гурехта рафтааст”. Агар бархӯрди Эсхата бо ВАО чунин аст, пас худ фикр кунед, ки бо мизоҷон онҳо чӣ кору рафторе доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Пешниҳоди СССР: соати корӣ тамдид шавад!

Бо назардошти посухҳои бонкҳои мамлакат ва арзу шикояти мардум аз фаъолияти кории филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар мавриди соату реҷаи корӣ, газетаи мардумии СССР ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонку ташкилотҳои қарздиҳии кишвар пешниҳод менамояд, ки реҷаи кории бонкӣ тағйир ёфта, он ба хотири қонеъ намудани талаботи мизоҷон тамдид карда шавад.

Имрӯз, ки мо аз асри пешрафти илму техника, рушди интиқоли пулӣ ва даст кашидан аз муомилоти пули нақду рӯ овардан ба истифодаи кортҳои бонкӣ мегӯему таъкид мекунем, пас бояд фаъолияти бонкии мо низ ба он мутобиқ шавад.

Тавре маълум шуд, фаъолияти банкомату терминалҳо аз шабакаи Интернет вобастагӣ дорад. Таври маълум суръати интернети мо сусттарин дар қораи Осиёст, барқ низ қатъ гоҳ-гаҳ мешавад. Вақте банкоматҳо аз кор монанд он гоҳ он 4 миллион нафаре, ки корти бонкӣ доранд чӣ кор мекунанд? Зимнан беҳтар нест, ки соати кории филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкиро ҳамарӯза лоақал то соати 21:00 тамдид намоем? Ин мушкиле надорад. Танҳо чанд нафари нав бояд ба кор гирифта шаванд, ки пас аз соати 17:00, вақте дар бонкҳо ҳисоббаробаркунии тавозуни рӯзона ба охир мерасаду басти 1-ум ба хона меравад, басти 2-юм ба кор сар кунад. Ин ҳам қулай ва ҳам расидан ба яке аз ҳадафҳои дигари муҳими ҳукумат-таъсиси ҷойҳои нави корӣ мешавад. Чаро не?

 

Таснифи Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter