04 октябри соли 2021 Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Пётр Трабински, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод. Вохӯрии мазкур бо роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳузури Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва роҳбарони сохторҳои калидии БМТ баргузор гардид.
Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Мудири иҷроияи ХБА ҷаноби Пётр Трабински, ки роҳбарии Гурӯҳи кишварҳои узви электоратро ба уҳда дошта, манфиат ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ХБА муаррифӣ менамояд, арзи сипос намуд.
Таъкид гардид, ки паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар бисёр мамолики олам, аз он ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон, ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар бетаъсир намонд. Дар ин росто дастгирии буҷети кишвар дар доираи Механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби ХБА, яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон қайд кард, ки Бонки миллӣ ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуда, новобаста аз маҳдудиятҳои бо пандемияи COVID-19 алоқаманд ва афзоиши фишорҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар дар соли 2020 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд. Ҳоким Холиқзода барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, барои мусоидати ХБА ҷиҳати тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.
Дар мулоқоти корӣ ҳамзамон масъалаи татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сиёсати фискалӣ, пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии кишвар, тадбирҳои амалишударо баҳри бартараф кардани оқибатҳои он бо истифода аз тамоми имкониятҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Пётр Трабински, ки бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар навбати худ аз пазироии самимӣ ва пешниҳоди маълумоти мушаххас ба роҳбарияти БМТ изҳори сипос намуда, барои густариш додани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуд. Ҷаноби Пётр Трабински аз татбиқи як қатор ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла дар роҳи гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, суботи молиявӣ ва самтҳои дигари низоми бонкӣ изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки ҳамкориҳои минбаъда метавонанд ба рушди низоми бонкӣ, бахусус бахши молия як қатор имкониятҳои мусоид муҳайё созанд. Ҳамзамон Мудири иҷроияи ХБА барои муҳокима ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар доираи он имкони фазои мусоиди мулоқотҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ фароҳам хоҳад шуд, аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар интиҳо, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Мудири иҷроияи ХБА ҷаноби Пётр Трабински, барои дастгирии доимӣ арзи сипос намуда, изҳори умед намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Гурӯҳи кишварҳои узви электорат рушду такомул хоҳанд ёфт.
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ
5 октябри соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ ҷаноби Сандип Махаҷан ва коршиноси калони иқтисодии бонки мазкур Ивайло Изворский мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамчунин, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарини сохторҳои калидии БМТ ҳузур доштанд.
Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахшу судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар, амалигардонии як қатор ислоҳот ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ ва бо ин мақсад, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки соли молиявии сипаригардида мусбат ҷамъбаст карда шавад.
Ҳамчунин, бо нишон додани вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишварҳои минтақа, Ҷамолиддин
Камолович изҳор намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тавассути
пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ тавонист дар чунин шароити печида сатҳи
таваррумро муътадил нигоҳ дорад. Пешбурди
сиёсати самараноки қурбӣ ва тасҳеҳи саривақтии қимати қурби расмии доллари ИМА имкон фароҳам овард, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сандип Махаҷан дар навбати худ оид ба саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 андешаронӣ намуда, дар ин самт ислоҳоти роҳандозинамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро самараовар ва муассир баҳогузорӣ кард. Ҷаноби Сандип Махаҷан таъкид дошт, ки ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон устуворона ва ҳадафмандона татбиқ гардида, натиҷаҳои мусбат медиҳанд, ки инро институтҳои молиявии байналмилалӣ эътироф менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода доир ба лоиҳаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки дар раванди баррасии ниҳодҳои дахлдор қарор дорад, маълумоти муфассалро манзури ҳозирин гардонида, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи он муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи дастгирии самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахшҳои дигари низоми бонкӣ ва роҳҳои таҳким бахшидани шарикии минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз мулоқот ва натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро баён дошт.