Санаи 13-уми октябри соли ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” вобаста ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”, муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат Сафарзода Рукмина Сафар, муовини директори Департаменти назорати бонкии БМТ Абдуллоев Зафар, сардори Раёсати сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Даврон Абдураҳмон баргузор гардид.
Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. баромад намуда доир ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 натиҷагирӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тамоми сайъу кӯшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми навбатӣ, ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати кишвар аз рӯи натиҷаи соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2021 равона намуд.
Натиҷа ин аст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Бонк дар ҳаҷми 56,6 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 38,2% зиёд буда, нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ таъмин гардидааст. Ҳаҷми сармояи Бонк дар 9 моҳи соли 2021 ба 619,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 38,5% зиёд мебошад.
Бонк дар 9 моҳи соли 2021 дар маҷмуъ 78,1 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4% зиёд мебошад.
Ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри дар 7 соли оянда ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Бонк ба ҳолати 30 сентябри соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 54 ҳазор муштарӣ 1 011,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 39,6% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 25,4% зиёд гардидааст.
Бонк ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ низ, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи олии кишвар-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар, диққати махсус зоҳир намуда, қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд иловатан аз санаи 1 феврал то 30 июни соли 2021 вобаста ба давраи кишту кор, иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок таҳти унвони “Дониш-2021” таҳти 18 фоизи солона, инчунин, ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок бо унвони «Истиқлол-30» аз санаи 1 то 30 сентябри соли 2021-ро таҳти 20 фоизи солона ҷорӣ намуд.
Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб меравад. Иҷроиши ин нишондиҳанда дар Амонатбонк дар сатҳи баланд таъмин аст ва натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба наздики 1,7 млн. нафар расидааст.
Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, Бонк ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани амалиётҳои ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда истода, дар маҷмӯъ бо 7 888 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад зиёд мебошад.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 519 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Баъд аз маърузаи муовини Раиси Раёсат оиди натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар нуҳ моҳи соли 2021, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БМТ низ баромад намуда фикру ақидаи худро нисбат ба фаъолияти соҳа иброз намуда, нишондодҳои молиявии бонкро дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Қайд гардид, ки барои аз ин ҳам бештар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба Бонк бояд фаъолияти ҳар як корманди Бонк ба таври назаррас ба роҳ монда шавад.
Дар қисмати дуюми ҷаласа мудирон ва сармуҳосибони филиалҳо оид ба фаъолият дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ба Раиси Раёсат ҳисобот доданд.
Дар баробари фаъолияти назарраси филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” аз камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе аз филиалҳо вобаста ба нишондодҳои молиявии онҳо низ ҳарф зада шуд.
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. қайд намуданд, ки Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ намуда дар самти пешниҳоди хизматрасонҳои бонкӣ ба аҳолии кишвар саҳмгузор мебошад.
Аз ин рӯ аз ҳар як нафар корманди Бонк талаб карда мешавад, то бо виҷдони пок фаъолияти рузмараи хешро ба роҳ монда, дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми бевоситаи худро гузошта бошанд.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, махсусан ба соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ суханронӣ карда шуд.
Дар охири ҷаласа якчанд филиалҳои Бонк барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди молиявӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»