ХАБАРИ ДОҒ

Музди меҳнат пардохт намешавад?

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

 Хонандагони газетаи мардумии СССР борҳо масъалаи сари вақт пардохт нашудани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои кишварро бардошта, аз мухбирони газета тақозо карданд, ки ин проблемаро тибқи қонунгузории мамлакат баррасӣ намоем.

 

Пардохти маблағи иловагӣ – уҳдадории корфармо!

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.

Мутобиқи моддаи 158 Кодекси болозикр агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, корфармо уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

 

Маош намедиҳӣ? Ҷарима!

Илова бар ин, мутобиқи моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони масъул ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми 1 сол такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба шахсони масъул ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Ба куҷо шикоят кунем?

Тавре ба мухбири СССР дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ доданд, дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ телефони боварӣ фаъол буда, хоҳишмандон дар робита ба саривақт пардохт нашудани маошу нафақа метавонанд ба ин рақамҳо арз кунанд.

  1. Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - 236-25-31,
  2. Дастгоҳи марказии хадамоти назорат- 231-47-71,
  3. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 835-222-26-42,
  4. Вилояти Хатлон - 832-222-54-16,
  5. Вилояти Суғд - 834-226-22-23) ва сомонаи Хадамоти мазкур.

Шакли дурусти номи сомонаи расмии Хадамоти назорати давлатии меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чунин аст: www.khnm.tj.

Тамоми кормандоне, ки музди меҳнати худро саривақт намегиранд, метавонанд ба телефонҳои мазкур ба сохтори дахлдор ва ё ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Тавре мегӯянд ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд кашид!

 

М.Аминзода,

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter