ХАБАРИ ДОҒ

Иқтисоди миллӣ ва гардиши мол

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

Сиёсатро баъзан ифодаи тамаркузшудаи иқтисодиёт меноманд. Савдою тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар робитаҳои мутақобилан судманд дӯстиву ҳамкории кишварҳоро мустаҳкам карда, ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар иқтисоди миллӣ дар баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД/ВВП) яке аз нишондиҳандаҳои муҳиму асосӣ ин гардиши мол (товарооборот) мебошад. Муомилоти молу маҳсулот байни минтақаву давлатҳо ҳар семоҳа ҷамъбаст ва сипас мувофиқи сол тавозуни савдои хориҷӣ (содироту воридот) ҳисобу китоб карда мешавад. Истеҳсол ва пешниҳоди номгӯи зиёди молу маҳсулоти аълосифату рақобатпазир ба бозори дохиливу хориҷӣ нишони рушду тараққиёти соҳаи саноат ва кишоварзист.

 

Таҳлили муомилоти мол (товарооборот) байни Тоҷикистон ва 10 давлати ҷаҳон дар соли 2021

б/т

 

Кишварҳои ҷаҳон

Гардиши мол бо ҶТ (млн.$)

Тавозуни савдо

Ифода бо %

 

   Эзоҳ

экспорт

млн. $

импорт

млн. $

содирот

воридот

1.

Россия

 

 

 

20 %

80 %

фарзия,

тахминӣ

2.

Ӯзбекистон

 

 

 

30 %

70 %

 

3.

Хитой

 

 

 

10 %

90 %

 

4.

ИМА

 

 

 

    5 %

95%

 

5.

Қазоқистон

 

 

 

20 %

80 %

 

6.

Қирғизистон

 

 

 

40 %

60 %

 

7.

Эрон

 

 

 

20 %

80 %

 

8.

Туркманистон

100

50

50

50 %

50 %

мисоли шартӣ

9.

Афғонистон

 

 

 

 

 

 

10.

Покистон

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

 

 

 

 

 

Ба ҷадвали таҳлили гардиши мол байни ҶТ ва 10 давлати ҷаҳон нигаред. Фарз кардем, ки соли 2020 ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот байни кишвари Тоҷикистон ва Туркманистон шартан 100 млн. $-ро ташкил дод. Саволи табиӣ пайдо мешавад: -Дар таркиби ин рақами ҷамъбастӣ (100 млн. $) тавозуни савдо ё бартарият дар тарафи кадом ҷумҳурист?

Яъне, агар мо ба туркманҳо давоми соли 2020 ба ҳаҷми 50 млн. $ молу коло фурухта бошему онҳо низ аз ҶТ ба ҳамин миқдор маҳсулот ё ашёи хом харидорӣ карда бошанд, пас дар теория 50%+50% мешавад.

Рақамҳои таблитсаи мо тахминӣ ва фарзиявӣ буда, барои дарку фаҳмондани мақсад бо % (дарсад) оварда шудааст. Тибқи омор бо кадом аз ин 10 кишвари дунё тавозун ё ки саҳми ҶТ ақалан 51% (экспорт ) бар 49% (импорт) аст? Бо ҳеч кадом!

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон аз рушди босуботи саноат, иқтисодиёт ва фаъолияти шаффофи соҳибкорӣ вобастагӣ дорад. Ҷорӣ шудани иқтисодиёти рақамӣ омилҳои коррупсиониро барҳам дода, сатҳи тиҷорату иқтисоди соягӣ (теневая экономика)- ро коҳиш медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми савдою тиҷорат ва гардиши молу маҳсулот ба ҳолати воқеии иқтисодиёти мамлакат баҳо додан мумкин аст.

Аз масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат тақозо дорем, ки катакҳои ҷадвали таҳлили гардиши молро бо 10 кишвари маълуму маъруф бо фоизу рақамҳои воқеӣпур карда, дар оғози соли нави 2022-Соли таърихии ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба редаксияи газетаи мардумии СССР фиристанд. 

 

 

Маннон Махсумов, Муҳандис-технолог, ш.Истаравшан

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter