ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

  • Панҷшанбе, Дек 23 2021

 

6 декабри соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кӯмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review - FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

Дар ибтидои мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пурмаҳсул ва гуногунҷабҳаи ХБА ва БМТ, ки дар маҷмӯъ барои рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти равобити дуҷониба ва идомаи татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар иброз дошт.

“Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатоварро ба роҳ монда, дар ин замина лоиҳаи кӯмаки техникии навро, ки маҳз бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувории суботи молиявӣ дастгирӣ ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Кӯмаки техникии мазкур барои рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи татбиқи ислоҳот ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад”,-изҳор дошт Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев.

Зимни мулоқот зикр карда шуд, ки Барномаи кӯмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявии (FSSR) Хазинаи Байналмилалии Асъор аз соли 2017 шурӯъ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 24 давлати дунё ба дастгирӣ ва татбиқи он аз ҷониби ХБА комёб гаштааст.

Намояндаи ХБА Карлос де Баррос Серрао дар рӯнамоӣ аз раванди татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникӣ оид ба баҳогузорӣ намудани бахши суботи молиявӣ бо компонентҳои асосии он, тақсимбандии хавфҳои бахши молиявӣ дар доираи матритса ва ба ин васила коҳиш додани хавфҳо ва идоракунии онҳо дар зинаҳои баъдӣ ба таври муфассал матраҳ намуд. Зикр карда шуд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи аввал шарҳи бахши суботи молиявӣ омода гардида, нақшаи амал барои фаъолияти ҳайати навбатӣ омода мегардад. Татбиқи марҳилаи навбатӣ дар ҳайати васеъ, ки дар моҳи апрели соли 2022 дар назар аст, барои идомаи лоиҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни мулоқот ҷониби ХБА барои ҳамкорӣ дар доираи кӯмаки техникӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда изҳори омодагӣ карда, ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки дар рафти татбиқи барнома бештар ба масъалаҳои таҳкими заминаи сиёсати макропруденсиалӣ, воситаҳои таҳлили хавфҳо, аз ҷумла истифодаи модулҳои нави фишорсанҷиш ва такмили омори молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зарурати татбиқи кӯмаки техникиро дар як самти муайян – тақвият бахшидани устувории суботи молиявӣ, ки самти нав маҳсуб меёбад, ба манфиати кор ва самарабахш арзёбӣ намуд. Шарҳи бахши суботи молиявӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои муайян намудани ҷанбаҳои ислоҳот ва мусоидат барои татбиқи онҳо ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ ва пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ имконият фароҳам меорад.

Дар охир, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур баҳри рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.

Таъмини фарогирии молиявӣ ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи “Таъмини фарогирии молиявӣ ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва қарзӣ, донорҳо, ширкатҳои сармоягузорӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои консалтингӣ, ҷомеаҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.

Конфронсро сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Наимӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва низоми пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Машраб Файзулло, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода, роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд Зебо Фаттидинова, роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон Фаррух Султонов, директори Намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон хонум Сабина Олтхоф, директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб суханронӣ намуда, аз муҳим будани масъалаи фарогирии молиявӣ ва нақши калидӣ доштани он дар баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои муштариёни низоми бонкӣ, аз он ҷумла рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъкид намуданд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс, амалигардонии тадбирҳо дар самти фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ оид ба қувваҳои пешбарандаи экосистемаҳо, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди воситаҳои интиқол, гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, беҳтар намудани муносибатҳои шарикӣ ва дастрасии молиявӣ буда, барои муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон, парлумони кишвар, Ҳукумати мамлакат ва Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷомеаи донорҳо, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорон, намояндагони созмонҳои мустақил ва таъминкунандагони хизматрасониҳои тиҷоратӣ, инчунин намояндагони сохторҳои молиявии дигар кишварҳо ҳамчун платформаи босамар хизмат мекунад.

Кори конфронс аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввали он ба масъалаҳо вобаста ба фарогирии молиявӣ, аз ҷумла тақвият бахшидани хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, маблағгузории иқтисоди сабз, масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ, маблағгузории исломӣ ва воситаҳои рушди фарогирии молиявӣ, дигаргуншавии заминаи маҳаллии он, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қисмати дуюми ҷамъомад мавзӯи ҷолибияти сармоягузории бахши молиявию бонкӣ, тамоюл ва имкониятҳоро фаро гирифта, дар рафти он масъалаи беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таҳкими нақши ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар рушди бахши молиявию бонкӣ, интизориҳои сармоягузорон аз шарикони ҳамкор, муҳокимаи масъалаҳои масунияти рақамӣ, навовариҳо ва рушди устувори ташкилотҳои молиявӣ аз лиҳози нуқтаи назари сармоягузорон ба идоракунии корпоративӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

“Барои пешрафт ва муқовимат ба мушкилоти глобалӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувор бе таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ ва созанда байни ҳамаи иштирокчиён ғайриимкон буда, маҳз таҳияи як санади муҳими ҳамоҳангсоз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ метавонад ба густариши робитаҳои кории гуногунҷабҳа бо сармоягузорони хориҷӣ ва барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда муосидат намояд. Маҳз бо ҳамин мақсад бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) чунин санади муҳим – лоиҳаи Стратегияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ таҳия гардида, дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад”- изҳор дошт муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар ҷамъбасти ҷамъомад.

Маврид ба зикр аст, ки конфронси “Таъмини фарогирии молиявӣ – ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон” бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд (АМФОТ) ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) роҳандозӣ гардид.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter