Шоҳиди ҳол будем, ки дар оғози фаъолият мунаққидони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок машғул аст, нисбатан зиёд буданд. Аммо баъдтар назари онҳо, аз ҷумла роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор, доктори илмҳои техникӣ Бурӣ Каримов нисбат ба ширкати зикршуда мусбат гардид. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти хуби «IRS» ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, теъдоди мунаққидон тамоюли камшавиро касб намуд.
Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо журналист Далер Абдулло номбурда эътироф карда буд, ки “қаблан гузариш ба истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чанокро, бинобар набудани роҳи алтернативӣ, талаботи классикӣ ҳаст, арзёбӣ карда, матлаб навишта будам. Вале баъдан назари ман тағйир ёфт. Барои чӣ? Дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои ИДМ ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS» бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум норозӣ буданд. Агар амиқтар бингарем, маълум аст, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди истифодабарандагони роҳро ба миён меорад. Монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар рабт дорад”.
Дар мавриди мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣ”-и баъзе ба ном коршиносон аст. Бурӣ Каримов моҳиятан нуктаи таммат гузошт.
Бино ба гуфти ӯ, “будани роҳи алетернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Барои мисол, дар Беларус роҳи сарҳади Полша, Минск ва сарҳади Россия бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ пулакӣ карданд. Ҳол он ки релефи Белорус дар қиёс бо кишвари кӯҳсори мо хеле беҳтар ва дар он имкони бунёди роҳи алтернатвӣ зиёдтар аст”.
Номбурда муътақид аст, ки дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози куҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на бо роҳи пешинаи ағбаи Анзоб. Мисоли дигар, дар Федератсияи Россия роҳи Москва – Санкт Петербургро, ки роҳи алетернативӣ дошт, пулакӣ карданд. Гузашти вақт нишон дод, ки аз роҳи алтернативӣ, яъне бепул кам истифода мешавад.
Ба андешаи ӯ, дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ аз он нафарони ба қадри беҳтарин неъмат – вақт намерасида шояд истифода баранд. Аз ҷониби дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо дарназардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” мувоҷеҳ мешаванд.
Масъалаи дигаре, ки шарҳи мухтасари онро бамаврид медонем, аслан бепул набудани ягон роҳ маҳсуб мешавад. Шаҳрвандон- истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Масалан бо роҳи супоридани андоз дар самтҳои гуногун, ки охирон аз тарафи давлат барои бунёд ва истифодаи роҳҳо сарф мешаванд.Аз ин лиҳоз, дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, корхонаву шахсони алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд.
Далелҳо шаҳодати онанд, ки «IRS» узви Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ аст ва дастоварду пешравиҳояш, аз ҷумла, ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ арзандаи ситоиш мебошанд.
Новобаста аз ин, роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд, аз ҷумла, ҷорӣ намудани технологияи навин, беш аз пеш ҷаҳду талош доранд. Дар маҷмӯъ, баъди 11 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чанок асоснок ва муҳим аст.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон