ХАБАРИ ДОҒ

Мужда: Тоҷик -«Азот» барқарор мешавад!!!

  • Ҷумъа, Март 18 2022

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷдиду барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Левакант таваҷҷӯҳи зиёд намуда, баҳри сифатан анҷом бахшидани корҳои таҷдиду барқарорсозии ин корхонаи азим чораандешӣ намуда, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номуси диёр, ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар охирҳои соли 2022 ин корхонаи бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, зеро хоҷагидорон ба нуриҳои минералӣ дар самти баланд бардоштани боздеҳи замин ниёзи бештар доранд.

Дар ин робита Баҳром Миров мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии вилояти Хатлон, гуфт, ки  дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз таҷдиду барқарорсозии ҶСК «Азот», рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии корпаратсияи «Салтанат» ва амалишавии лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Вахш дар шаҳри Левакант ва рафти сохтмони бинои сехи банду басти меваю сабзавот ва ҷараёни корҳои сохтмони гармхонаҳо дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дидан намуд.

 

          930 ҷойи корӣ

Зимни боздид, ҳайъат аз корпоратсияи «Салтанат», аз сехи оби ҷав дидан намуданд, ки дар ин коргоҳ технология ва таҷҳизоти давлатҳои Олмону Русия васл гардида, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ пурра таъмин мешаванд. Иқтидори коргоҳ дар 1 шабонарӯз истеҳсол кардани 15 ҳазор литр пивост. Сироҷиддинзода Баҳриддин соҳибкори бонангу номуси диёр азми комил дорад, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳу корхонаҳои назди карпаратсияи «Салтанат» дар оянда беш аз 700 нафар ҳамватанонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд. Васлу насби таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дар сехҳои истеҳсоли обҳои ташнашикан ва афшурдаи меваю сабзавот идома дошта, дар наздиктарин моҳҳо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Паймонаи заррин» низ ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ хоҳад кард.

                        

 Дар 1 сол 30.000.000 хишт

Директори корхонаи саноатӣ Зафар Маҳмудов дар сӯҳбати ихтисосии СССР гуфт, ки ҳамкории самарабахш бо шарикони рушд ва мутахассисони давлатии Чин самари нек ба бор овард. Бунёди корхонаи хиштбарории назди корпоратсияи Салтанат иқтидор дорад, ки дар 1 сол то 30 миллион дона хишти хушсифат истеҳсол кунад. Бо пурра ба фаъолият оғоз бахшидан дар корхонаи хиштбарорӣ дар 3 баст 180 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Сарвазири мамлакат пас аз анҷоми боздид аз ин корхона бо соҳибкорон, бунёдкунандагони ин корхона суҳбату мулоқоти судманд анҷом дода, диққати онҳоро ба сифатан анҷом бахшидани корҳо ҷалб намуд ва баҳри беҳбудии кор дастуру тавсияҳои судманд дод.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter