ХАБАРИ ДОҒ

Фоидаи нарх ба кисаи кӣ меравад?

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

Дар соли 2021 аз рӯи нишондиҳандаҳо маҳсулоти кишоварзӣ назар ба соли 2020 зиёд истеҳсол шудааст, аз он ҷумла ғалладона 1,4 млн.миллион тонна, картошка  800,0 ҳазор тонна, пахта 404 ҳазор тонна. Агар ин тавр бошад, пас чаро нархи орд, равған, пахта, гӯшт ва шир дар бозор ба маротиб боло рафта истодааст? Нархи  сӯзишворӣ низ дар 4 моҳи охир хеле гарон шуд.

Он ки нарх озод гуфта, онро бардоштан мегиранд, дуруст нест. Ҳар маҳсулот арзиши аслӣ дорад, ки нархи яклухт мегӯянд, нархи фурӯш, ки чакана меноманд, на бояд аз 10% зиёд шавад ё ки ягон меъёр доштагист. Дар ҳоле, ки нархро зиёд мекунанд, бояд ҳамаи захираҳои амбор, мағоза, бозорро корхонаҳои дахлдор ба ҳисоб гирифта, байни нархи кӯҳна ва навро ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронанд, ки аз 100-ҳо миллион сомонӣ зиёд аст. Фоидаи зиёдшавии нарх ба кисаи кӣ мемонад? Албатта, ба буҷет не, мақомоти дахлдор дар назди Ҳукумат чи ҷавоб медиҳанд?

Мирзо Алимов,

шаҳри Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter