Санаи 31 марти соли ҷорӣ ҳайати расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ - ҷаноби Ҷорҷ Орлов ҷиҳати баргузор намудани вохӯрии дуҷониба бо Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ба бинои марказии Бонк ташриф оварданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии вохӯрии мазкур ин баррасии вазъи бахши молиявии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021 бо дарназардошти таъсири пандемия, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.
Дар оғози мулоқоти дуҷониба аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., рунамоӣ оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2021, пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд карда шуд. Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ - ҷаноби Ҷорҷ Орлов нисбат ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун Бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд.
Боздиди кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ» дар Осорхонаи миллӣ.
Кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамроҳи фарзандони хеш ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварда аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон– кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намуданд.
Боиси қайд аст, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.
Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад!
Муҳлати қабул ва пардохти Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда»-и барҳамдодашуда то санаи 31 декабри соли 2023 тамдид дода шуд.
Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда»-и барҳамдодашуда дар филиалҳои “Амонатбонк”, ба шахсони воқеӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бо арзиши дар шартҳои барориши саҳмияҳои «ҶСШК Сангтӯда»-и барҳамдодашуда нишон дода шуда ба андозаи 10 доллари ИМА, бо пули миллӣ, бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабул, пардохт карда мешаванд.
Маълумоти бештар: 44 600 02 96, 1885
«Пасандози муҳлатнок»-и худро дастрас намоед!
Ба саҳми нафароне, ки дар Амонатбонк «Пасандози муҳлатнок» кушодаанд расонида мешавад, ки кортҳои пасандозии худро аз филиалҳои Бонк дастрас намоянд.
Кортҳо ба таври ройгон пешниҳод гардида, назорати бақияи маблағ дар он имконпазир аст.
Маълумоти бештар: 1885, (44) 600 90 29
Маблағҳои интиқол-бемамониат!
Амонатбонк ба диққати шаҳрвандон мерасонад,ки интиқоли маблағҳо тавассути низоми байналхалқии "Вестерн Юнион” аз Федератсияи Россия ва Белорусия қатъ гардидааст.
Акнун мизоҷоне,ки аз ин низом истифода мебурданд, аз Федератсияи Россия ва Белорусия ба кортҳои пардохтии Амонатбонк ҳам нафақавӣ ва ҳам музди меҳнат метавонанд маблағ интиқол намоянд.
Маблағҳои интиқолро аз банкоматҳо ва постерминалҳои Амонатбонк бемамониат гирифтан мумкин аст.
Амонатбонк бонки мардумии Тоҷикистон!