Салом ба СССР-и азиз! Ман хонандаи деринаи шумо буда, ҳар шумораи газетаро аз аввал то ба охир пурра хонда мебарояму боз ба дӯстонам низ медиҳам, то хонанду аз ахбори кишвару дунё воқиф бошанд. Ҳоло тавассути газета мехоҳам 3 масъаларо бардорам ва умедворам, ки масъулин ба он посух хоҳанд гуфт:
- Ман нафақахураму 8 сол боз нафақа мегирам, дар баробари ин аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳастам. Идораи нозироти андоз мегӯяд, ки ман бояд боз андози иҷтимоӣ пардохт кунам. Оё ин дуруст аст?
- Оё раиси хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад, онҳоеро, ки ба нафақа баромадаанду қобилияти кори худро аз аст додаанд, аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ озод намуда, саҳми заминро ба фарзандонашон диҳад?
- 1 шаҳрванд дар 2 ҷо кор мекунад, омӯзгор асту мавсимӣ дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунад. Оё ҳамчун раиси хоҷагӣ, ҳуқуқи аз ӯ рӯёндани андози ҳифзи иҷтимоиро дорем ё не? Ҳол он, ки ҳамчун муаллим маош гирифта, андоз низ месупорад.
Муттавалӣ Алимов,
н.Сангвор
Тел: 985095162
Аз СССР: Мо ин мазуъро ҳатман пайгир мешавем. Мо Метавонем!