ХАБАРИ ДОҒ

 

Амон Ҳасанов, хонандаи ҳамешагии СССР аз ш. Бохтар ба идораи СССР занг зада (тел:905457525), нигаронӣ аз болоравии нархи пиёз намуд.

   - Соли гузашта нархи пиёз дар ҳамин шабу рӯз 1 сомонӣ буду нархи сабзӣ ба 15 сомонӣ расид. Ҳоло бошад нархи пиёз дар бозори «Фаровон»-и ш. Бохтар барои 1 кг 5 сомонӣ шудаасту нархи сабзӣ 2.5 сомонӣ аст. Ҳамин деҳқонони мо аҷаб содаанду ҳамаи ақидаю заҳматҳояшон баръакс. Ҳой мардуми деҳқон, савдогарону тоҷирон магар хӯрокро бе пиёз омода карда мешавад? Боз ҷабр ба кисаи бечораи камбизоату камбағал. Номи бозори «Фаровон»- ро ба «Супермаркет» иваз кунед!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter