ХАБАРИ ДОҒ

Инсоф бошад, барака мешавад

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

 

Ман матлаби «Ба ҳамааш $ гунаҳкор?», ки дар шумораи №25 аз 23.06.2022 нашр шуда буд, хонда, ҳоло мехоҳам перомуни он андешаҳои худро баён намоям.

Имрӯз $100, ки пештар то ба 1500 сомонӣ расида буд, то ба 1000-1050 сомонӣ фаромад. Доллар фаромад, вале нархи маҳсулот, ки бо баҳонаи доллари амрикоӣ қимат шуда буд, арзон нашуд. Агар 1 халта мочевина, селитра дар ҷумҳурии ҳамсоя – Узбекистон 150-180 сомонӣ бошад, дар бозорҳои мо 500-600 сомонӣ аст. Аллакай нархи картошка дар бозор 5-6 сомонӣ, пиёз то ба 10 сомонӣ расид. Вақте, ки деҳқон сӯзишвории дизелиро 13 сомонӣ сари ҳар литр ва нуриҳои минералиро 500-600 сомонӣ мехарад, маҷбур аст нархи маҳсулотро боло бардорад. Нархи тарбузу харбуза аз ҳамин ҳисоб имсол гарон аст.

Вақте нархи сабзӣ ба 13 сомонӣ баромад, деҳқоне дар бозори ш.Панҷакент гуфт, ки 1 халта биринҷи девзираро фурӯхта, ба ивазаш 1 халта сабзӣ харида натавонистам. Ана ёбеду гиред!

Абдураҳмон Маматқулов,

ш.Панҷакент,

Тел:927716928

Аз сардабири СССР: 25.07.2022. Соат ба вақти Душанбе 08:43 дақиқа. Аз хона мебаромадам, ки фурушандаи сарикӯчагии маҳалламонро дидам, ки колояшро бармечид. Занҳои маҳалла, нархи картошкаро пурсиданду чун «1 кг 5 сомонӣ» шуниданд, он қадар шукргузорӣ аз тақдиру Раззоқ карданд, ки ҳисобаш гум. Гуфтам, о, бонувон, магар 5 сомонӣ гарон нест, ки гуфтанд, «маълим, дина 7,5 сомонӣ буд!!!». Ман низ гиребонамро дошта, чашм сӯи осмон, аз сидқи дил шукр гуфтам. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter