Солҳост, ки деҳаи мо бо наздики 3000 ҳазор аҳолӣ ба ширкати мобилии Тселл аъзо мебошанд. Мутаассифона, рӯз ба рӯз хизматрасонии ин компания аз ҷиҳати таъмини мавҷи интернетӣ бад шуда истодааст. Вақте ба ягон мавзӯи интернетӣ медароед, вақти зиёде мегузараду ҳеҷ не, ки матлаб кушода шавад.
Масалан, камина дар моҳи июл ба тарофаи «Даркор» - 38 сомонӣ, ба ЮТУБ - и белимит 50 сомонӣ ва боз бахшида ба Иди Қурбон интернети 50 % арзоншуда ба 50,56 дирам 10 000 мегабайти иловагӣ харидам. Ба ибораи дигар барои алоқа телефониву интернет ба ин ширкат 138 сомониву 56 дирам дар 1 моҳ супоридам. Вале қариб, ки интернетро корбаст накардаам.
Сабаби асаосии истифода бурда натавонистанам суст будани мавҷи интернетӣ мебошад. Агар рафту ба ширкат шикоят намоед, ҷавобашон ба ҷуз «мо инро дида мебароем!», дигар чизе намешаваду кор боз чун аҳмади порина рафтан мегирад. То 31 - уми июли соли 2022 ҳамагӣ 1204 мг истифода бурдааму халос. Ҳайратовараш он аст, ки ин мавзуъ борҳо аз тарафи аъзои фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди танқид карор мегираду на аз тарафи ширкат ва на аз тарафи мақомотҳои зиёди ваколатдор вокунише нишон дода намешавад. Чаро? Модоме, ки ширкат миллионхо сомонӣ пули бо арақи ҷабин ба даст овардаи мардумро ба ҷайбаш мезанад, чаро ба иҷрои вазифааш бемасъулиятонаву хунукназарона муносибат менамояд???
Ҷумъабой Яҳёев,
н.Деваштич
Аз СССР: Воқеан ҳам мабод, инчунин ғоратро, ки қариб тамомии ширкатҳои мобиливу интернетӣ мекунанд, ҳукумат мекард, Худо ин «ҷамоаи фаол»-ро медоду то суди ГААГА шиква мебурданд. Вале дар баробари дуздиву ғорати ширкатҳои хориҷӣ ба лаб кулӯх молида мегарданд. Кӣ ба доди муштарии оддӣ, бандаи хокӣ ва андозсупорандаи тоҷик мерасад???