ХАБАРИ ДОҒ

Нафақахӯрони “Cоли дуру дароз” инсон не?

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

 

 

Аз 1 чӣ дар ҳайратам: музди нафақаи он нафақахӯроне, ки бо категорияи собиқаи “Соли дурудароз” ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд, таи солҳои охир тағйир намеёбад. Бо забони русӣ ин категорияро одатан  Выслуга лет” мегӯянд. Зиёд ҳам намешавад. Дар ҳоле, ки баъди ҳар 1-2 сол (ин тахминан) ба шарофати Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андозаи музди ҳама намуд нафақа ба миқдори муайян зиёд шуда истодааст. Ҳамзамон ҳамин нафақаи калимаи “Соли дурудароз” аз байн нарафтааст. Онҳо зиндаанд ва аксарият музди нафақаашон кам аст. Онҳо ҳам инсон-ку! Онҳо ҳам шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-ку!

Аз ин рӯ таклиф дорам, маоши ҳамин категорияи нафақахӯрон, ки музди нафақаашон айни ҳол аз 550 сомонӣ паст аст, зиёд карда шавад. Дар оянда ҳам инро ба эътибор гиранд, хуб мешуд. Умедворем, ки тақдири нафақаи ин гуна пиронсолон ҳалу фасли худро меёбад.

Масъулини агентии нафақа! Умр кутоҳ асту зиндагонӣ дар шитоб. Чашм гардонидед, ки худатон пиру заифу барҷомондаед. Он гаҳ ғами шуморо низ касе намехӯрад. Зеро дуои мо гиребонгиратон шудааст.  Мо Метавонем!

Неъмат Очилов

ш.Конибодом

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter