Дар ноҳия Деваштич, ки ноҳияи картошкапарвар аст, корхонаҳои саноатӣ нест ва ҷои колхозу совхозҳои барҳамхурдаро имрӯз беш аз 2596 хоҷагии деҳқонӣ ишғол намудаанд. Картошкапарварӣ асосан дар ҳудуди ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ, Вахдат, Росровут, Далёни Боло ва қисман дар Мучун рӯ ба пешравист. Бештар сокинони деҳаҳои Овчӣ, Басманда, Хоҷаҳо, Чуянчӣ, Қальаи Ҳоҷӣ ва Қалъачаи Арбоб ба парвариши картошка машғуланд.
Назар ба гуфтаи Абдумалик Ҳодиев, муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия, соли гузашта деҳқонон дар 6134 га картошка кишт карда, наздики 180-200 ҳазор тонна ҳосил гирифтаанд. Имсол бошад деҳқонони меҳнатқарин камарро сахтар баста, дар 6500 га нисбати соли гузашта 366 га бештар тушка кошта ,аз ҳар 1 га 320-350 кг картошка ҷамъоварӣ кардаанд. Албатта ин ҳисоботи оморӣ аст ва мо бештар шоҳиди он гашта истодаем, ки дар ҳисоботҳо изофанависӣ ба назар мерасад.
Дар асл имсол картошкапарварон бо якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд: нархи гарони сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва қимату камёфт шудани поруи мурғ. Ба 1 га замини картошка 4-5 мошин поруи мурғ лозим аст, вагарна ҳосили миёна гирифта наметавонед. Нархи 1 мошини КАМАЗ поруи мурғ бошад то ба 3500 сомонӣ расид…
Бо вуҷуди он, ки ҷумҳурии мо дорои ғании захираи обӣ аст, ба заминҳои ноҳия оби табиӣ намерасад. Инро ба инобат гирифта, сокинони деҳҳои Хуҷаҳо, Қалъаи Ҳоҷӣ, Чуянчӣ, Калъаи Дӯст, Калъачаи Арбоб зиёда аз 350 чоҳи артезианӣ кофта, заминҳояшонро шодоб гардондаанд. Албатта ин чоҳҳо бо қувваи барқ кор мекунанду гоҳ-гоҳ аз тарафи идораи барқи ҷамоати Исмоили Сомонӣ бо сабабҳои гуногун хомуш карданашон ба обёрии кишти картошка таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷумъабой Яҳёев,
н.Деваштич