ХАБАРИ ДОҒ


Роҳҳо
мусофиронро ба манзил мерасонанд. Роҳҳое, ки дар пайкари кӯҳҳо печида, рӯду дашту даманҳоро убур карда, деҳаҳову шаҳрҳоро ба ҳам пайванд месозанд.

Ҷодаҳо ҳамон шоҳрагҳои хунгарди сайёраи Заминанд, ки вуҷудашон амри ҳаётист. Аммо барои Тоҷикистони саросар кӯҳсор, ки дорои пайраҳаву бузраҳаи бешуморест, замоне фикри сохтани шоҳроҳҳо ба хобу хиёл мемонд. Синаи кӯҳҳоро шикофтан, сахраву харсангҳоро бардоштан ва роҳ бунёд кардан мисли афсонаи Фарҳоди кӯҳкан ба гӯш мерасид. Аммо дар 31 соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд. Шоҳроҳҳо дар пайкари кӯҳсангҳо печидаву тавасути нақбҳову водиҳо гузашта чор сӯи Тоҷикистонро ба ҳам оварданд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз он ҷумла аст, ки замоне мудшилгузару хатарнок буд ва имрӯз шоҳроҳест, ки тамоми фасли сол маркази ҷумҳуриро ба шимоли кишвар пайванд месозад. Ин роҳ дар даврони истиқлолият бозсозӣ ва бисёр қитъаҳояш аз нав сохта шуд. 13 сол қабл ба хотири дар чор фасли сол дар ҳоли хуб нигоҳ доштани роҳ, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Кӯҳистон табиати хоси худро дорад. Кӯҳҳои сарбаланду саркаш, рӯдхонаҳои пуртӯғён ҳамеша хатаре эҷод мекунанд. Гоҳе ягон қитъаи роҳро сел хароб мекунад, гоҳи дигар дар натиҷаи лағшиши кӯҳпорае роҳ банд мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи фурӯ рафтани замин ҷода аз кор мебарояд. Дар мавсими тармафароӣ мушкили зиёд эчод мегардад. Бартараф кардани ҳамаи ин, пешгирӣ кардани хатарҳо ва таъмин намудани ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол кори осон нест.

Аз ибтидои фаъолияти ширкати «IRS» дар ин роҳ 13 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат ширкат зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе - Чаноқро азнавсозӣ карда, 230595 тонна асфалт сарф намудааст. Мавқеи ҷойгиршавии роҳ нигоҳубини бистучаҳорсоатаро тақозо месозад. Каме беэътиноӣ ба кори роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии нақлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ коргарони ширкат дар чор фасли сол соате бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машғуланд. Баҳору тобистон бошад ба таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмустаҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо машғул мегарданд.

Таъкид кардани ин нукта бамаврид аст, ки дар давоми 13 сол барои нигаҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки масири Душанбе - Чаноқ ширкати “IRS” кори зиёдеро анҷом дода, маблағи фаровонеро сарф кардааст. Масалан, се кӯпуруке, ки дарозии ҳар кадоме аз 42 то 73 метрро дар бар мегиранд, пурра аз навсозӣ карда шуданд.

Дар лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ сохтани деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надошт. Бо назардошти ин хатар ва эмин доштани ҷону моли мусофирон, роҳбарияти «IRS» тасмим гирифтанд, ки дар масофаи 15000 метр деворҳои ҳимоявӣ созанд ва амнияти роҳро таъмин намоянд. Ин амал боиси он гардид, ки ҳаёти роҳгузарон, нақлиёт ва молу колои онҳо ҳифз шавад.

Роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бурдан бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд.

Кӯҳистон қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Роҳе, ки аз бағали кӯҳҳои азим мегузарад ба қонуни кӯҳистон тобеъ мегардад, барфу борон, тармаву лағжиши кӯҳпораҳо ва селҳои пуртуғёнро таҳаммул месозад. Aгap роҳро ба ихтиёри кӯҳ диҳӣ дар як муддати кӯтоҳ онро вайрону валангор менамояд. Ширкати «IRS» ба муқобили қонунҳои нонавиштаи табиат беамон мубориза намебарад, балки харобиҳои овардаи онро бартараф сохта, роҳро сабурона таъмиру таҷдид мекунад. Масалан, дар давоми 13 сол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пайваста идома доштанд ва дар ин мудат 50 000 метри мусаббаъ соҳилу минтақаҳои селгузар бехатар гардонида шуданд.

Дар шароити кӯҳистон барои роҳ маводи зиддилағжиш ниҳоят муҳим аст. Истифодаи ин мавод барои ҳифзи саломати мусофирону нақлиёт амри зарурист. Аз ин ҷост, ки сол ба сол хароҷоти он меафзояд ва то ин муддат маводи зидди лағжиши сарфшуда 100466 метри кубиро ташкил медиҳад.

Барои анҷом додани ҳаҷми азими корҳое, ки зикр шуд ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати «IRS» дорои пойгоҳи пурқуввати техники буда, техникаву механизмҳои он ба 218 адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ширкат дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорӣ менамояд.

«IRS» ширкати корофарин аст. Соли 2009 кормандони филиали он ҳамагӣ 24 нафар буданд. Имрӯз коргарони ширкат дар ин масири ҳаётан муҳим ба 872 нафар расидааст. Таъкид кардани ин нукта низ муҳим аст, ки айни ҳол бо шарофати мавҷудияти ширкат дар масири Душанбе - Чаноқ зиёда аз 50 00 нафар манбаи даромад доранд ва чархи осиёби зиндагиашонро ба гардиш меоранд.

Филиали Ширкати «IRS» дар масири Душанбе - Чаноқ барои бароҳат ҳаракат кардани воситаи нақлиёту мусофирон пайваста чора меандешад. Масалан, дар плазаҳои толингӣ паҳнои роҳ аз 7 метр ба 50 метр расонида шуд. Хатҳои гузариш дар ин плазаҳо аз 2 ба 8 афзоиш ёфт, ки боиси тамбашавии нақлиёт намегардад ва ронандагону мусофиронро асабӣ намесозад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тули13 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, ба истифода додаанд.

Барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93 фоизи нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум - мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакас бошад...

«IRS» ба корҳои ободонии дигар низ пайваста даст мезанад. Масалан, солҳои 2013 - 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод - Нимич дар шоҳроҳи Душанбе - Рашт - сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фонда татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

Кор кардан, ҷоеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Барои расидан ба ҳадаф, ба зиндагии осудаву ширинтар мубориза бояд бурд. Дар ин гуна талошҳо кормандони филиали Ширкати «IRS» ҳамеша пешсафанд. Онҳо барои имрӯзу фардои беҳтар кору зиндагӣ мекунанд.

 

ВОРИС,

шоир ва журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter