Дар давоми солҳои истиқлолият ба ҷои колхозу совхозҳо ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуда, даҳҳо корхонаҳои хурду калон ба кор дароварда шуданд, садҳо ҳазор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мумфарш гардида, имрӯз ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонианд. Давлату Ҳукумат ба бунёди роҳҳои нав, таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди кӯҳна таваҷҷӯҳи махсус медиҳанд. Вале дар ин самт камбудӣ ҳоло ҳам хеле зиёд аст.
Масалан, роҳбари идораи роҳсозии н.Деваштич Набӣ Маъмуров мегӯяд, ки чи аз тарафи МИҲД н.Деваштич ва чӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти кишвар имсол мувофиқи нақша 186,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда, то ба имрӯз 158 ҳазор аз худ карда шудааст. Аз рӯи омор дар 3 км роҳи байни деҳаҳои Кучкина ва Чӯянчӣ 80 тонна битум сарф шудааст, ки ин ба ҳақиқат рост намеояд.
Роҳи дигари аз ҷамоати И.Сомонӣ то ш.Истаравшан, ки 25 сол боз боре ҳам рӯи таъмирро надидааст, боиси ташвишу асабонияти мардум шудааст. Гузаштан аз он мисли гузаштан аз болои Пули Сиротро мемонад. Роҳбари идораи роҳҳои ш.Истаравшан Шоҳабиб Муродов мегӯяд, ки 21 км-и ин роҳ ба онҳо вобаста аст. Дар ш.Истаравшан 272 км роҳ ҳасту имсол роҳи деҳаи Яккабоғ, ки 2 км-ро ташкил мекунад, пурра таъмир шуд.
Маблағ барои таъмири роҳ, ки аз ҷониби вазорату мақомот ва ҳатто соҳибкорон ҷудо карда мешавад, хеле ночиз аст. Тавре ба назар мерасад, дар мақомотҳои давлатӣ низ дар бораи харобии роҳҳо медонанду роҳи илоҷашро пайдо карда наметавонанд. Ҳамаи ин бозгӯи он аст, ки бе қабули барномаи давлатии ободонии роҳҳои маҳаллӣ роҳи деҳаҳо шояд боз то 100 соли дигар таъмиру азнавсозиро набинанд.
Ҷумъабой Яҳёев,
н.Деваштич, тел:111191301