ХАБАРИ ДОҒ

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк ” бо медал сарфароз гардонида шуд

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк ” бо медали “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” сарфароз гардонида шуд

Бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. барои фаъолияти назаррасу ибратбахш ва саҳми арзанда дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон, алалхусус соҳаи иқтисодиёти мамлакат бо медали “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” сарфароз гардонида шуд.

 

 

Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти ҶС “МТС-банк” –и ФР

21 сентябри соли ҷорӣ дар дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва ноиби президенти ҶС “МТС-банк”-и ФР Сорококин Глеб Михайлович баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва аз ҷониби ҶС “МТС-банк”-и ФР Палчун К.В. –роҳбари самти интиқоли маблағҳо ва намояндаи ҶС “МТС-банк”-и ФР   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Ҷ.Ҷ. иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС “МТС-банк” дар самтҳои амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, қарздиҳӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ, васеъ намудани хизматрасониҳо тавассути барномаи бонкдории мобилӣ ва ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъкид намуданд, ки Амонатбонк идомаи ҳамкориҳои молиявиро дар сатҳи зарурӣ миёни бонкҳо барои ҳалли масъалаҳои молиявии соҳибкорони ҳарду кишвар муфид медонад.

Қайд кардан ба маврид аст, баъд аз ба имзо расонидани Шартномаи генералӣ бо ҶС “МТС-банк” санаи 16-сентябри соли ҷорӣ Амонатбонк суратҳисобҳои мукотибавии худро кушод.

Иқдомҳои мазкур пеш аз ҳама барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва ҳамватанони бурунмарарзӣ буда, барои амалиётҳои бонкӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

 

Ғолибони "Ҷоми Амонатбонк-2022" оид ба футбол муайян гардиданд

Бахшида ба 31-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ҳамбастагӣ бо Лигаи футзали ФФТ, аввалин мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ барои дарёфти "Ҷоми Амонатбонк-2022" баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур аз санаи 17-уми июл то санаи 8-уми сентябр идома ёфта, дар марҳилаи гуруҳии мусобиқа 12 даста дар се гурӯҳ байни ҳам рақобат намуданд.

Дар марҳилаи чорякниҳоӣ дастаи Амонатбонк бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” байни ҳам рақобат намуда, дастаи футболбозони Амонатбонк ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар даври финалии мусобиқа дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо ҳисоби 3:3 бозиро анҷом дода, баъдан ба силсилаи зарбаҳои шашметра дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 5:4 бар дастаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Сипас дастаи футболбозони Амонатбонк бо дастаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” бозиро оғоз намуда, Амонатбонк бо ҳисоби 8:3 бар дастаи Ҳумо ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид.

Ҳамин тавр ғолибони мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Амонатбонк-2022" муайян гардиданд: Амонатбонк сазовори ҷои якум, Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” сазовори ҷои дуюм ва Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардид.

Дар анҷом дастаи ғолибон бо ҷоми хотиравӣ, диплом, медалҳо ва ҷоизаи махсуси пулӣ аз ҷониби созмондиҳандагони мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ҷоизаҳои махсуси мусобиқа ба (дарвозабони беҳтарин, бозингари беҳтарин, нишонзани беҳтарин) низ тақдим гардид.

Ташкил ва баргузор намудани чунин мусобиқаҳо барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ташкилотҳои қарзии кишвар мусоидат менамояд.

 

Таваҷҷӯҳ!

Шаҳрвандони азизи Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар такилотҳои қарзии молиявии кишвар қонунигардонии маблағҳо ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсоне, ки мехоҳанд маблағҳояшонро қонунӣ гардонанд, метавонанд дар Амонатбонк суратҳисобҳои пасандозҳои муҳлатнок ва ё амонатҳои тодархостӣ бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушоянд. Агар маблағҳо ба пасандози муҳлатнок гузошта шаванд даромади фоизии он таҳти андозбандӣ қарор намегирад.

Шарвандони азиз, Шумо метавонед маблағҳоятонро тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ дар саридораи Амонатбонк воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ 105 супоред.

Маълумоти бештар тариқи рақами кутоҳи 1885 ва (+44) 600 00 34, 44 600 9029

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter