20 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ба кори худ оғоз кард. Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, намояндагони Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, менеҷери калони минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Кассандра Колберт, директор ва мушовир-консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Стайб ва дигар шарикони ҳамкор ширкат варзиданд.
Стратегияи мазкур дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони ҳамкор таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022-2026 таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардид.
“Боиси хушнудист, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМФМ) яке аз афзалиятҳои асосиро дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҷонибдорӣ намуда, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти дарозмуҳлати устувор, ки ба аҳолии кишвар маҷмуи хизматрасониҳои гуногун ва босифати муосири молиявӣ, донишҳои мукаммал, устуворӣ дар қабули қарорҳои молиявӣ ва ба ин васила беҳтар кардани вазъи молиявии аҳолиро кафолат медиҳад, равона шудааст,” – изҳор дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ қайд кард, ки фарогирӣ ва саводнокии молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии давлат маҳсуб ёфта, татбиқи самараноки Стратегияи мазкур имкониятҳои иқтисодии соҳибкорону дигар субъектҳои хоҷагидориро васеъ мегардонад ва бо ин восита барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Неъматулло Ҳикматуллозода ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) барои дастгирӣ ҷиҳати таҳия ва қабули ин санади муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Дар расми ифтитоҳи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 инчунин шарикони ҳамкор - менеҷери калони минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Кассандра Колберт, мушовир-консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ хонум Саломе Стайб паёми шодбошии худро аз қабули чунин ҳуҷҷати муҳим барои Тоҷикистон баён доштанд: “Дастрасии бештар ба хизматрасониҳои молиявӣ маънои сатҳи хубӣ зиндагӣ, имкониятҳои беҳтари тиҷорат ва сармоягузориро дошта, манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ҳимоя менамояд”.
Муаррифии расмии “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”-ро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ манзури ҳозирин гардонида, аз ҷабҳаҳои калидӣ, мақсад, нишондиҳандаҳо, амалҳо, муҳлат ва сохтори идоракунии стратегияи мазкур маълумот дод. Зимни муаррифӣ Гулбаҳор Назирӣ самтҳои асосии стратегия, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявиро ба таври муфассал шарҳ дод. Махсусан қайд карда шуд, ки зимни таҳияи ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқу имкониятҳои занону ҷавонон ва қишри калонсоли ҷомеа низ ба инобат гирифта шудааст.
Ҷаласаро муҳокимаҳои панелӣ ва сессияҳо идома дода, дар он масъалаҳои амалисозӣ ва ҷорисозии механизмҳои идоракунӣ, нақшаи амал, низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ, механизми ҳамоҳангсозӣ, иттилоот оид ба рафти татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои масъул, роҳбари Дафтари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, роҳбари Раёсати таҷриба оид ба таъсиси бозор дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон, Покистон ва КБМ хонум Далия Халифа, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бояд қайд кард, ки дар доираи расми ифтитоҳи Стратегия давоми ду рӯз гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор нақшаҳои минбаъдаи амалро бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ муҳокима менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо кӯмаки техникии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, намояндагони бахши хусусӣ, олимон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст. Стратегияи мазкур дар ҳамкорӣ ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, андоз, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамотҳои алоқа ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, аз 6 боб, 21 параграф, 133 банд, ҷадвали индикаторҳо, нишондиҳандаҳои асосӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозӣ (67 чорабинӣ) иборат мебошад.
Шуъбаи матбуот