Салом СССР! Чанде пеш матлаби навиштаи Ҳокими Сафарро дар мавриди хизматрасонии ширкати Тселл хондам, муаллиф ҳақиқати воқеиро баён кардааст. Аз фурсат истифода бурда журналисти собиқадор Ҳокими Сафарро бо зодрӯзаш табрик карда, ба ӯ умри Саъдиёнаву қалами тезу бурроро орзумандам.
Ман ҳам 29.09.2022 дар яке аз марказҳои хизматрасонии ширкати «Тселл» дар х.Рӯдакӣ ба шумораи худам 93 196 4530 сӣ сомонӣ гузаронидам, хазиначӣ гуфт, ки 30 сомониатон гузашту ба дастам расид дод. Баъди 30 сомонӣ супоридан ба хона омадаму хостам ҳисобро санҷам, аз он тараф ҷавоб омад, ки дар суратҳисобатон 18-сомонӣ доред. Ширкат дар 1 соат аллакай 12 сомониро фурӯ бурдааст…
Пули хизматрасонии мобилиро аз ҳисоби нафақаам мегузаронам. Дар як моҳ 3-4 маротиба ба ҷои зарурӣ телефон мекунаму 1-3 дақиқа кутоҳ гап мезанам. Телефонбозиро дӯст намедорам. 30 сомонӣ 22 рӯз умр диду дар телефонам 2 дирам монд. То кай Тсеllпулхурӣ мекунад?
Вайсиддин Шамсов,
ш.Душанбе