ХАБАРИ ДОҒ

«ВАВИЛОН-М» ҳам пулхӯр шуд?

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

 

Ҳофиз Асламов, нафақахӯр, сокини н.Восеъ ба идора занг зада (тел: 988088109), гуфт, ширкати «ВАВИЛОН-М», ки муштариаш мебошад, мисли ширкатҳои дигар ба пулхӯрӣ гузаштааст.

   - Ҳар ҳафта 15-20 сомонӣ ба рақами телефонам мегузорам, ба 1-2 ҷо занг назада, он тамом мешавад. Чаро? Шояд ширкати «ВАВИЛОН-М» низ мисли «Тселл» ва «Мегафон» ба пулхӯрӣ сар кардааст?

   Аз идора: Хонандаи гиром! Шумо сари фурсат ба наздиктарин нуқтаи хизматрасонии ин ширкат рафта, 1 маротиба рақами худро аз санҷиш гузаронед. Шояд ноогоҳ ба тарофаҳои дигар ва хизматрасониҳои пулакӣ пайваст шудаед, ки ҳамарӯза маблағи абонентиро ба таври автоматӣ меситонанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter