Ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияи нав, 1 пусти босифати чорвои калон ҳамагӣ 300 сомонӣ арзиш дорад. Аммо тибқи гуфтаи мутахассисон, аз пӯсти чорвои калон дар хориҷа то 8 ҷуфт пойафзоли чармии баландсифат омода мегардад, ки арзиши маҳсулоти ниҳоии он бештар аз арзиши худи чорвои мо мешавад. Пас чаро таассуф нахӯрем, ки ҳазорҳо метри мураббаъ пӯсти чорвои забҳшудаи аҳолии кишвар бо арзиши паст ба мамолики дигар содир шуда, маҳсулоти дар хориҷ омодашуда, боз бо нархи гарон ба мамлакати мо интиқол меёбад?
Ман боре хонда будам, ки мо 4 корхонаи коркарди пӯст ва 10 фабрикаи пойафзолбарорӣ дорем, ки аз он 1 тояш фаолият мекунаду халос. Ин маълумот пеш аз истифодабарии корхонаи пойафзоли деҳаи Кангурти н.Темурмалик буд. Яъне бо ифтитоҳи ҳамон фабрикаи пойафзолбарории н.Темурмалик дар кишвар 2 корхонаи пойафзолбарорӣ фаъолият мекунад.
Аҳолии кишвари мо 10 миллион шуд, агар ҳар сокини кишвар 1 пойафзоли мавсимӣ бигирад, пас 40 миллион ҷуфт пойафзол лозим меояд. Дар бораи ашёи хом бошад ҷои гап нест, зеро ба иттилои сардори хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода танҳо дар 6 моҳи соли 2022 беш аз 2221 тонна пӯсти чорво ба хориҷа ҳамчун ашёи хом содирот шуда аст. Дар 6 моҳи дигар боз 2221 тоннаи дигар содирот шуда бошад, он тарафаша ёбу гир да.
Агар дар мо дар ҳақиқат 10 фабрикаи пойафзолбарорӣ фаъолият кунад, пас чаро бозорҳои кишварро пойафзоли истеҳсоли Чину Ӯзбекистон забт намудааст? Ё агар 4 корхонаи коркарди пӯст дорем, пас чаро 2221 тонна пӯст ба хориҷ интиқол меёбад?
Х.Имомов,
ш.Бохтар