Салом ба СССР! Ман мақолаҳои дӯстонам Таваралӣ Авсақолов аз н.Фархор ва Алихон Нодирхонро аз ш.Турсунзода дар бораи тақдири норӯшани саҳмияҳои НБО Роғун хонда, тарафдорӣ мекунам. Аксарияти аҳолии кишвар ин саҳмияҳоро хариданд. Аз он ҷумла, мани пенсионер ҳам қафо намонда, аз пасандози ҷамъкардаи чандсолаам, ки барои рӯзи мабодо буд, ба маблағи 5000 сомонӣ саҳмия харидам, то ин ки дар оянда дастгирам шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорати молияи кишвар шояд сари масъала лоақал ба нафақахӯрон кам – кам баргардонидани фоизи он чораандешӣ кунад, зеро умри мо кӯтоҳ мондаву кӣ медонад, ки оё ба он рӯзи баҳрабардорӣ аз ин саҳмияҳо мерасем ё не?
Дигар ин ки гуфтанд, ки аз моҳи июли соли 2022 нафақа 20 фоиз зиёд карда шуд. Ана сол ҳам тамом шуд, аммо ягон иловапулиро надидем. Боз гап- гап аст, ки дар соли 2023 низ нафақаҳоро 20 % зиёд карданд, аммо он ба мо дахл дошта бошад ё не, инаш номаълум…
Х. Воҳидов,
н.Данғара