Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 оид ба ҷамъбасти соли 2022 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 15 феврали соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон баъди ифтитоҳи чорабинии мазкур изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши бонкию молиявӣ, сиёсати пулию қарзиро татбиқ намуда, ба рушди иқтисодиёти миллӣ, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт, равона намудааст.
Сиёсати монетарӣ
Сатҳи таваррум мувофиқи мақсад аст
Сипас, номбурда гуфт, ки дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,2 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 4,0 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9 фоиз ба амал омад.
Болоравии нисбии сатҳи нархи молу маҳсулот дар кишвар асосан дар моҳҳои март-майи соли 2022 (3,1 фоиз) дар натиҷаи мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва молиявию тиҷоратӣ дар ҷаҳон, инчунин ҷорӣ гардидани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат ба кишвари шарики асосии тиҷоратӣ ба назар расид.
Қайд гардид, ки дар соли ҳисоботӣ 103 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,6 млрд. сомонӣ баргузор карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 21,5 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 0,7 млрд. сомониро ташкил менамояд.
Ҳамзамон меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аз 1 ноябри соли 2022 ба андозаи 0,5 б.ф. паст карда шуда, дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Қурби пули миллӣ устувор боқӣ монд
- Бонки миллии Тоҷикистон, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон, - дар соли 2022 сиёсати қурбиро тибқи реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Дар ин давра қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 9,7 фоиз (аз 11,3000 сомонӣ дар санаи 31.12.2021 то ба 10,2024 сомонӣ дар санаи 31.12.2022) устувор гардид.
Дар давоми соли 2022 қурби пули миллӣ дар маҷмуъ дар сатҳи муътадил қарор дошта, нисбати асъорҳои озод табдилшаванда ва шарикони савдо, аз ҷумла нисбат ба лираи Туркия ба андозаи 36,5%, рубли Белорус 31,2%, тангаи Қазоқистон 16,7%, юани Чин 15,9%, Евро 14,9%, сӯми Узбекистон 12,9%, соми Қирғизистон 10,7%, доллари ИМА 9,7% ва рубли русӣ 4,1% устувор гардид.
Низоми бонкӣ
Дар идомаи вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ иброз карда шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ то 31 декабри соли 2022 дар маҷмуъ 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд фаъолият намудаанд. Шумораи умумии воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 1 862 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳафт адад зиёд гардид.
Афзоиши дороиҳо ва уҳдадориҳо таъмин гардид
Зимни нишасти матбуотӣ ба диққати ҳозирин расонида шуд, ки дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ то 31 декабри соли 2022 маблағи 30,0 млрд. сомонӣ ва 23,7 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2021 мутаносибан 34,0 фоиз (ё 7,6 млрд. сомонӣ) ва 36,9 фоиз (ё 6,4 млрд. сомонӣ) афзоиш ёфтаанд.
Қарзҳои ғайрифаъол дар ин давра маблағи 1,6 млрд. сомонӣ ё 12,0 фоизи сандуқи қарзиро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2021 вазни қиёсии онҳо дар сандуқи қарзии маҷмуӣ ба андозаи 1,4 б.ф. коҳиш ёфтааст.
Пасандозҳо 5,3 млрд. сомонӣ зиёд шуданд
Дар давраи ҳисоботӣ бақияи умумии пасандозҳо 15,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5,3 млрд. сомонӣ ё 52,6 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 55,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,3 фоизро ташкил доданд, ки аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.
Дар таркиби пасандозҳо 7,4 млрд. сомонӣ ё 47,9 фоизро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 8,1 млрд. сомонӣ ё 52,1 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.
Ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои додашуда афзоиш ёфтанд
Таъкид гардид, ки маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар соли 2022 маблағи 14,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 700 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба бахшҳои истеъмолот 39,0 фоиз, кишоварзӣ 16,9 фоиз, савдои хориҷӣ 14,0 фоиз, саноат 10,3 фоиз, хизматрасонӣ 10,2 фоиз, сохтмон 3,7 фоиз, нақлиёт 1,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,2 фоиз рост меояд.
Ба соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 36,6 фоиз рост омада, маблағи 5,3 млрд. сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 61,0 фоиз ё маблағи 8,8 млрд. сомонӣ ба соҳибкорон дода шудааст.
Қарзҳои хурди додашуда бошад, маблағи 10,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Фоизи миёнавазни қарзҳо дар соли 2022 бо пули миллӣ 23,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,6 б.ф. ва бо асъори хориҷӣ 1,0 б.ф. кам аст.
Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ
Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзӣ то 31 декабри соли 2022 ба 95 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 65 б.ф. зиёд мебошад.
Меъёри кифоятии сармоя (МКС), ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳудуди муқарраршуда 13,3 б.ф. зиёд иҷро гардида, 25,3 фоизро ташкил дод.
Дар маҷмуъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ то 31 декабри соли 2022 бо фоида ба маблағи 1,2 млрд. сомонӣ ҷамъбаст шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 1,1 млрд. сомонӣ ё 11 маротиба зиёд шудааст.
Нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (НДД) ташкилотҳои қарзӣ дар санаи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз 0,5 то 3,9 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (НДС) аз 2,1 то 18,7 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Ҳоким Холиқзода дар идомаи суханрониаш гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ дар аввали сол рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолии низомсозро муайян карда, дар сомонаи худ ҷойгир мекунад. Дар соли 2022 ба рӯйхати номбурда БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата” ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ҳамчун ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз шомил гардиданд ва соли 2023 ин рӯйхат бетағйир боқӣ монд.
Низоми пардохт
Тибқи маълумоти оморӣ то 31 декабри соли 2022 шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 5,1 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,5 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ ба 6,3 млн. адад баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,8 млн. адад (79,1 фоиз) афзоиш ёфт.
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ то 31 декабри соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии ватанӣ дар маҷмуъ 1 724 банкомат ва 6 004 терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 шумораи банкоматҳо 312 адад ва шумораи терминали электронӣ 1 126 адад зиёд шуд. Аз ҳаҷми умумии терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 2 132 адад ва дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 3 872 адад рост меояд.
То 31 декабри соли 2022 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 17 433 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6 397 адад (58,0 фоиз) зиёд аст.
Дар соли 2022 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 33,4 млн. амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 8,2 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2021 аз рӯи шумора 46,3 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,3 маротиба афзоиш ёфтаанд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи қонун баррасӣ шуданд
Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва иҷрои онро пайваста зери назорати қатъӣ қарор медиҳад.
Дар робита ба ин, дар соли 2022 теъдоди 1 470 муроҷиат, аз ҷумла 80 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ, 122 муроҷиат хаттӣ, 731 муроҷиат тариқи телефони боварӣ, 532 муроҷиат ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 5 муроҷиат тариқи почтаи электронӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон нисбати онҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор андешидааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ