ХАБАРИ ДОҒ

Мастчоҳ: 5 соат барқ дорем…

  • Чоршанбе, Фев 22 2023

 Маҳина Мирзоева, сокини н.Мастчоҳ бо редаксия тамос гирифта (тел:911309818), гуфт, ки набудани барқ ва дастрасии дуруст надоштан ба он мардумро саргардон кардааст.

   - Барқ қатъ мешавад ва оби ошомиданӣ, ки тавассути нассосҳо меояд, он ҳам намеояд. Ман худам дӯзанда – дизайнер мебошам, мошинаҳои дӯзандагиам барқианд, бе барқ кор карда намешавад. Аз 24 соат дар 1 шабонарӯз танҳо 5 соат барқ дорему халос. Дина шаб дар маҳаллаамон 1 сӯхтор ба вуқӯъ омад, сабаб боз барқ! Дугонаам ба дег равған мерезаду рӯи плита мемонад, барқ, ки набуд, баҳузур аз паи корҳояш мешавад. Дар ин муддат бе огоҳӣ барқ меояду равған доғ шуда, месӯзад. Дар натиҷа 3 хона пурра сӯхта хокистар шуд. Сабаб – реҷаи интиқоли барқ риоя намешавад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter