ХАБАРИ ДОҒ

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» давоми соли 2022

  • Шанбе, Март 18 2023

 

Санаи 06-уми феврали соли 2023 тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» давоми соли 2022 бо иштироки доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишаст Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар давоми соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Амонатбонк дар соли 2022 ба наздики 25 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,8 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.  

Сипас оид ба ҳаҷми дороиҳо, сатҳи пардохтпазирӣ, сармоя ва фоидаи софи Бонк дар соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид.

Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 683 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 372 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 822 адад QR - рамз ва 656 адад постерминалҳоро дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.   

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми солона, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 46 ҳазор муштарӣ 1 482,4 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои додашудаи Бонк нисбат ба соли 2021, 102,4 млн. сомонӣ афзудааст.  

Ҳамзамон оид ба ҳамкории дуҷонибаи Амонатбонк бо бонкҳои хориҷи кишвар, қарзҳои имтиёзноки Бонк таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш», “Автокредит” ва «Занҳои муваффақ», қарзҳои ипотекӣ, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, “Интернетбонк”, фаъолияти назарраси маркази тамоси Бонк ва ғайра маълумот манзур карда шуд.

Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен»

Санаи 17 феврали соли 2023 Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо Роҳбари намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) Инна Мазур мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.

Зимни мулоқот, масъалаи оғози фаъолияти муштарак барои амалӣ намудани лоиҳаи нави минтақавии «Ташаккули иҷтимоию экологии тиҷорати хурду миёна дар деҳот ва хизматрасониҳои устувори молиявӣ дар Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Украина, инчунин беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, муносиб кардани раванди қарздиҳӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои нави бонкӣ баҳри мизоҷон, ва инчунин табодули таҷриба дар доираи лоҳаи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки дар соли 2022, Амонатбонк барои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, хусусан ба занҳои соҳибкор, қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Занҳои муваффақ» амалӣ намуд, ва омодааст, ки дар татбиқи лоиҳаи нав ҳамкориро бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) густариш диҳад.

Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намудан

 

Ҷаласа оид ба мавзӯҳои мубрам бо иштироки кормандони Амонатбонк

Бо иштироки доираи васеъи кормандони Амонатбонк, ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷаласа баргузор гардид.

Зикр гардид, ки санаи 8 июни соли 2007 баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки имсол аз қабули Қонуни мазкур 16 сол сипарӣ мешавад.

Таҷрибаи 16 солаи амали Қонун нишон дод, ки он дар самти ба низому тартиб даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Ёдоварӣ карда шуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” низ тасдиқ шуда, ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Дар идома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд гардид, ки бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат санаи 24 декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардидааст.

Вобаста ба “Пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ” низ сухан рафта, зикр гардид, ки ҷомеаро зарур аст тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.

Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем».

Ба диққати шаҳрвандон!

Муҳлати қабул ва пардохти Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда» -и барҳамдодашуда санаи 31 декабри соли 2023 ба итмом мерасад.
Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтӯда»-и барҳамдодашуда дар филиалҳои “Амонатбонк”, ба шахсони воқеӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бо арзиши дар шартҳои барориши саҳмияҳои «ҶСШК Сангтӯда»-и барҳамдодашуда нишон дода шуда ба андозаи 10 доллари ИМА, бо пули миллӣ, бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабул, пардохт карда мешаванд.
Маълумоти бештар: 1885, 44 600 02 96

 

Шуъбаи матбуоти «Амонатбонк»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter