Наврӯз Султонов, сокини деҳаи Баҳористон, участкаи 13-ум, Ҷамоати деҳоти Ватани н.Фархор ба идора занг зада (тел: 907617818), гуфт, ки сокинони ин участка тамоми сол бо барқ мушкил доранд.
- Мо сокинони участкаи 13-ум тамоми сол бо барқ проблема дорем. Трансформатори деҳаи мо зимистон ях мекунад, тобистон гарм мешавад, баҳору тирамоҳ борону шамол онро аз кор мемонанд. Ҳеҷ нафаҳмидем, ки ин трансформатор аст, ё духтари сернозу нуз? Бовар кунед, дина дар 1 рӯз 18 маротиба барқ қатъу васл шуда, яхдону телевизор аз кор монд. Ҳатто нозирон омада мебинанд, ки барқ нест, пули истифодаи онро ҳавоӣ навишта мераванд. Магар ин кор мумкин аст? Чаро ба чашми давлат хок мепошем!?