Дар остонаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз 17 марти соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони бонк ширкат варзиданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дар ибтидои суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.
Қайд карда шуд, ки Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронияшон иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Воқеан, сездаҳ сол пеш, яъне 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар саросари олам бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳам Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва василаи муҳимми пешрафти ҷомеа ва давлати тоҷикон мебошанд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба монанди бисёр кишварҳои ҷаҳон дар зери таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад. Ин ҳолат водор месозад, ки низоми бонкии кишвар дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Бинобар ин, ба хотири рушду шукуфоӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳар яки моро мебояд, ки бунёдкорию созандагиро мароми ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободии Ватани азизамон ва пешрафти низоми бонкӣ саъю талош намоем.
Муҳим аст, ки барои тарбияи кормандони ҷавон дар низоми бонкӣ аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ ҳамроҳ гардида, фазои софу беғубори сулҳу суботи мамлакатро, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарифи Тоҷикистон зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, дигарбора доғдор созанд.
Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ватани азизи мост. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо барои ободию шукуфоии он саҳмгузор бошем, ҷойи зист ва кори худро ҳамеша поку зебо нигоҳ дорем, то макони кору зист ва дар маҷмуъ Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад.
Дар қисмати навбатии чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ собиқадорони низоми бонкӣ, намояндагони созмони ҷавонони бонк, шурои бонувон ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таърихи ин иди аҷдодӣ, васфи Наврӯз, Ватан, Модар ва сулҳу оромӣ бо суханронӣ ва шеъру таронаҳои ҷолиб руҳияи аҳли нишастро болида гардониданд.
Чун анъанаи нек дар доираи ҷаласаи тантанавӣ як гурӯҳ кормандони бонк барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкии мамлакат, рафтори намунавӣ ва ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар баробари ин, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба муносибати фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз баргузор шуда буданд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар фарҷом раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфта, изҳори умед намуд, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар мардуми шарифи Тоҷикистон бо меҳнати софдилонаи худ дар пешрафти мамлакат саҳми назаррас доранд, минбаъд низ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ, шукуфоии мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаи бонкдорӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош менамоянд.
Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешаванд
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, таҳти №26 мутобиқи моддаҳои 65, 67 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи қарори зикршуда пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2022 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ