ХАБАРИ ДОҒ

Иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА

  • Панҷшанбе, Апр 27 2023

 

10 апрели соли 2023 бо мақсади иштирок дар ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуд.

Дар ҷаласаҳои мазкур, ки баргузории онҳо тибқи нақша 10 апрел оғоз ёфта, то 16 апрели соли 2023 дар шаҳри Вашингтони ИМА идома меёбанд, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд.

Дар доираи сафари кории Ҳоким Холиқзода мулоқоту музокирот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, раиси Раёсати Бонки миллии Швейтсария, инчунин дигар шахсони масъули дорои касбу кори низоми молиявию бонкии баъзе кишварҳои ҷаҳон дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаҳои баҳории мазкур ҳамасола аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки васеи намояндагону масъулини соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, низоми молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ ва энергетика баргузор мегарданд.

Маъмулан дар ин ҷаласаҳо ҷанбаҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он, иқтисоди сабз, таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.



Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо раиси Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА

Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ рӯзи 11 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот анҷом дод.

Дар оғози мулоқот раиси Бонки милии Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Бонки милии Швейтсария дар соҳаи бонкдорӣ, аз қабили расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Қайд гардид, ки моҳи октябри соли сипаришуда ташрифи ҳайати Бонки милии Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт ва як қатор мулоқоту вохӯриҳои муфид ва самарабахш анҷом дода шуд.

Дар рафти мулоқот Ҳоким Холиқзода диққати Томас Йорданро ба иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии кишвар ва кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар қаламрави кишвар ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон рушди нишондиҳадаҳои фаъолияти низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дар семоҳаи якуми соли 2023 дороиҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 25,9 фоиз ва 24,7 фоиз зиёд мебошад. Ба санаи 31 марти соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк ва 49 ташкилоти маблағгузории хурд амал мекунанд.

Ҳамзамон, дар давоми солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария кумакҳои техникӣ ва машваратҳои методӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд.

Дар идомаи мулоқот аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди муҳим дар баробари дигар самтҳо ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин самт ба стандартҳои муосир ва таҷрибаи бонкҳои марказии пешқадам такя менамояд. Азбаски Бонки миллии Швейтсария дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, бинобар ин омӯхтани таҷрибаи бонки номбурда барои Бонки миллии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Дар назар аст, ки зимни ҳамкорӣ ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ, истифодаи ченаки арзиш дар хавф (VAR) дар раванди идоракунии хавфи амалиётӣ, идорасозии мунтазамии фаъолият, идорасозии хавфи тарафҳои сеюм, хавфҳои киберамният, хавфҳои қаллобӣ, гузаронидани фишор санҷиши хавфҳои амалиётӣ, баҳодиҳии раванди идоракунии хавфи амалиётӣ аз ҷониби аудити дохилӣ ва ғайра таваҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. 

Ҳоким Холиқзода ҳамчунин оид ба масъалаи ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки раванди мазкур барои ба роҳ мондани азнавбаҳодиҳии хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтарсозии фаъолияти низоми бонкӣ ва роҳу воситаҳои нави рушди минбаъда имкон фароҳам меорад. Вобаста ба ин, аз нав барқарор кардани равобити мустақими муросилотӣ бо бонкҳои аврупоӣ яке аз самтҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот Томас Йордан оид ба ҳамкории техникӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо омодагии хешро баён намуд. Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки Бонки миллии Швейтсария омодааст дар давоми соли равон ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон семинар ва дигар курсҳои омузиширо барои бахшҳои муҳим, аз қабили сиёсати пулию қарзӣ, ҳисобдорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишвар ташкил ва баргузор намояд.

Дар анҷоми мулоқот раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба раиси Раёсати Бонки милии Швейтсария Томас Йордан барои ҳамкории судманд дар самти бонкдорӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идома ва густариш додани муносибатҳои мутақобила баён дошт.

 

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо директори хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ Тереза Кече дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (ГБҶ) дар шаҳри Вашингтони ИМА

Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ рӯзи 13 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ Тереза Кече ва менеҷери барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳо”-и Бонки Ҷаҳонӣ Ҷорҷ Бентли мулоқот анҷом дод.

Дар оғози мулоқоти дуҷонибаи судманд раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо”-и Бонки Ҷаҳонӣ дар самти расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои барномаи мазкур буда, корҳои назаррасро дар ҳамбастагӣ бо дастаи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ анҷом дода истодааст.

Дар рафти мулоқот Ҳоким Холиқзода диққати ҷониби Бонки Ҷаҳониро ба идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ бо назардошти вазъӣ бозори молиявӣ ва номуаянӣ дар сиёсати монетарии давлатҳо ҷалб намуд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо омодагии хешро оид ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ тавассути истифодаи фишангҳои нави бозори молиявӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи баргузории семинар ва курсҳои омузишӣ баён намудаанд.

Дар анҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба директори хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ Тереза Кече барои ҳамкории судманд дар доираи барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо” изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идома ва густариш додани муносибатҳои мутақобилан судманд баён намуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter