ХАБАРИ ДОҒ

 

Шир маҳсулоти ҳаëтан муҳим барои зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Ба ӯ талабот махсусан дар шаҳрҳо калон аст, вале рӯз ба рӯз баланд бурдани нархи он аз тарафи савдогарони беинсофи ин соҳа боиси нигаронӣ ва ҷабр ба харидори шаҳрнишин шудаст. Дар мо мардум шир истеҳсол менамоянд ва ба нуқтаҳои фурӯш - мағозаҳои деҳа ҳар субҳ бо нархи 2,90 дирамӣ медиҳанд. Пас аз чанде аз рӯи гуфтаи мағозачиëн, мошинҳои ширхар ҳаққи хизмататон гӯëн ба онҳо 20 дирамӣ илова карда, яъне 3,10 сомонӣ харида, ба шаҳри Ҳуҷанд мебаранд.

Масофаи роҳ аз деҳаи мо то ш.Хуҷанд 106 км ташкил медиҳад ва нархи шир дар гастрономҳои он 6 сомонӣ ва дар фурушандаҳои бозор 7 сомонӣ сари ҳар 1 литр фурӯхта мешавад. Ин нарх дар шаҳри Душанбе то ба 10 сомон баромадааст.

Ба болои нархи аслии 1 маҳсулоти ниëзи мардум, ки ба он бештар модарону кӯдакон эҳтиëҷ доранд, 200 ва то 300 % фоиз сарборӣ гузоштан, магар аз рӯи инсоф аст?

Ҷумъабой Яҳëев,

 н.Деваштич

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter