Палатаи поёнии Парлумони ҶТ имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии худ 1 зумра тағийроту иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» қабул намуд. Тибқи тағийротҳои воридгардида, минбаъд вуруди ҷавонону наврасони то 18 сола ба марказҳои бозиҳои интернетӣ, хосса Интернет-кафеҳо аз соати 18:00 то соати 6:00-и субҳ манъ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, чунин маҳдудият ба дискоклубҳо ва марказҳои дилхушии шабона низ тааллуқ дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ошкор гардидани наврасон ва ҷавонони то 18 сола дар чунин марказҳо, на танҳо падару модар, балки соҳибони каҳвахонаҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷарима аз 50 то 150 сомонӣ кашида хоҳанд шуд.
Азизҷон Азимӣ, 1 ҷавони Тоҷик, ки дар ИМА таҳсил мекунад, ба рӯйхати маҷаллаи машҳур ва бонуфузи «Форбес»- «Forbes» шомил гардид. Азизҷонро «Форбес» дар бахши «30 то 30», яъне соҳибкорони ҷавони то 30-солаи Осиёи Марказӣ ҷой додаст. Бояд зикр намуд, ки Азизҷон Азимӣ нахустин фарди Тоҷикистон аст, ки номаш дар рӯйхати «Форбес» ворид карда шуд.
Ин ҷавони Тоҷик дар байни 3600 довталаб барандаи стипендияи Барномаи «The Knight—Hennessy Scholars» гардид, ки он барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорди Амрико дода мешавад.
Азизҷон Азимӣ соли 1997 ба дунё омада, аз сини хурдсолӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқу рағбат пайдо менамояд. Аз 5-солагӣ ба омӯхтани забони англисӣ шурӯъ намуда, ҳангоми таҳсил дар синфи 9-ум бо 2 ҳамсинфи дигараш дар озмуни байналмиллалии I-SWEEEP 2008 дар ш. Хюстони ИМА иштирок карда, сазовори ҷои 1-ум ва медали тилло мегардад. Лоиҳаи аз ҷониби ин бачаҳо омода намуда ин кашф кардани қувваи барқ аз лойи геобактер иборат буд.
Азизҷон пас аз ин ғолибият таҳсилро дар мактаби хусусии Разӣ дар ш. Ню-Йoрки ИМА давом дода, соли 2012 мактабро бо баҳои аъло, ҷоизаи академикии президенти вақти ИМА Барак Обама ва ҳамчун роҳбари «ҳукумати хонандагон» хатм кардааст. Вай баъдан дар факултаи аълохонони донишгоҳи Хофстра (Hofstra University) бо стипендияи президенти донишгоҳ таҳсилро давом дода, пас аз 1 соли хониш дар ин донишгоҳ ба Донишгоҳи Ню-Йорк (NYU) гузаштаст.
Сабаби навиштани ин матлаб сухани 1 директори шиносам гардид. Ӯ дар омади гап аз ман суол кард, ки «чӣ мешавад, дар ҷаласаи навбатии шӯрои педагогӣ 1-2 омӯзгорамро бо ифтихорнома қадр намоям?». Пешниҳоди ӯро пазируфта гуфтам, ки «қадр намудани кори хуби ҳар 1 омӯзгор барои роҳбарон ҳам қарз ҳасту ҳам фарз». Ин суҳбат хаёлоти маро ба солҳои аввали омӯзориам, ки ба солҳои 1970 рост меомад, бурд. Омӯзгор он солҳо гули сари сабади ҷомеа буд. Ҳеҷ 1 табақаи ҷамъият мисли омӯзгор қадру манзалат надошт. Ёд дорам, омӯзгори собиқаи кори бетанаффуси 25-сола дошта, бо медали «Барои меҳнати шоиста» қадр мешуд.
Вақте рӯзҳои ҷашни касбии кормандони милиса, прокуратура, гумрук, хизматчиёни артиши милли…ро аз ТВ мебинам, шоҳиди он мешавам, ки сари синаи ҳар 1 иштирокчиро даҳҳо ордену медал оро додаанд. Ин боиси ифтихор аст, ки меҳнати онҳо қадр мешавад. Пас чаро дар ҷамъомадҳои муаллимон ордену медалдорон ангуштшуморанд? Магар таълиму тарбияи насли наврас корнамоӣ нест?
Ёдам ҳаст, ки ҳар 1 колхоз муаллимони эҳтиёҷмандро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мекард. Онҳо дар ин хонаҳо бепул истиқомат доштанд ва бо гузашти солҳо он хонаҳо бо маблағи ночизе (беш аз 17.000 рубли деревянии с.1993) шахсӣ гардонида шуданд. Оё намешавад, дар 1 гӯшаи шаҳр биноеро ақаллан барои 50 муаллими эҳтиёҷманд бунёд ва ба онҳо пешкаш кунанд? Бигзор, хонаҳоро ройгон не, вале бо нархи арзон, ё тариқи қарз (кредит) ба омӯзгорон диҳанд.
Назари Наврӯз,
муаллим, н.Фирдавсӣ
Дар 11 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон 602 ҷиноят содир гардида, аз рӯи таҳлилҳо зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 181 ҳолат расидааст. Дар умум, ҷинояткорӣ дар ВМБК, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ш .Душанбе кам гашта, дар ин муддат нисбат ба 10 ҳазору 35 нафар падару модар протоколҳои маъмурӣ дар робита ба масъулият дар тарбияи фарзанд тартиб дода шудааст. Маблағи ҷамъи ҷаримаҳо бошад 1 миллиону 300 ҳазору 274 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора рӯзи 5.02.2018 Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Бино ба итиллои вазир, айни замон дар мамлакат 3870 муассисаи таълимии рӯзона, аз ҷумла 352 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 489 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3029 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, теъдоди хонандагон ба 1 миллиону 906 ҳазору 304 нафар расидааст.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар