Дар н.Муъминобод раҳбарони макотиби миёна натавонистанд, ки сари вақт маблағ барои таъмири мактаб аз буҷети ноҳия дастрас намоянд. Мудирони мактаб аз ночорагӣ маҷбур шуданд, ки таъмирро бо роҳи қарз ба анҷом расонанд. Масъулон мегӯянд, натанҳо имсол, балки соли гузашта низ таъмири мактабро бо роҳи қарз ба анҷом расонида буданд. Сафархон Маҳмадшоев-муовини мудири шуъбаи маорифи н.Муъминобод дар суҳбати телефонӣ ба СССР гуфт, ки имсол дар ноҳия 55 мактаби миёна, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 2 гимназия, 1 маркази компютерӣ, дар ҷамъ 62 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки таъмири онҳо аз буҷети ноҳия ва бо кӯмаки волидону омӯзгорон тармим шуданд, - гуфт ӯ. Мутаассифона, бештари муассисаҳо аз пардохти маблағ бенасиб монда, муассисаро бо роҳи қарз таъмир намуданд. Амриддин Сайфиддинов-директори мактаби №30 дар суҳбат бо СССР афзуд, ки «аз буҷети ноҳия 3500 сомонӣ барои таъмир ҷудо шудааст, ки аз ин маблағ 2985 сомонӣ дастрас намудем. Ин хело кам аст. Барои таъмири бинои муассиса басандагӣ намекунад. Мактабро бо роҳи қарз ва аз ҳисоби ассотсиатсияи волидон аз таъмир баровардем. Ҳоло ҳам аз мағозаҳо қарздорем».
Зимни таҳқиқ аён шуд, ки сифати корҳои таъмири баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи паст анҷом ёфтаанд. Фарзи мисол, гарчанде даруни бинои мактаби №39-и деҳаи Туто каме рангу бор шуда бошад ҳам, аммо берун ва пушти бинои мактаб боре ҳам таъмир нашудааст. Давлаҳмад Абдуллоев-мудири ҳамин мактаб мегӯяд, «аз буҷет 3000 сомонӣ ҷудо шудааст, лек ин хело маблағи кам аст. Бо ин ҳатто 2 синфхонаро таъмир карда намешавад. Бинои пеши мактабро бо кумаки соҳибкорон ва волидони хонандагон таъмир намудем. Мактаб аз соли 1990 то инҷониб фаъолият карда, 638 нафар хонанда дорад, вале ягон бор таъмир нашудааст.
Ҷ.Паҳлавонов-директори мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия зимни суҳбат бо СССР иброз дошт, ки «таъмири муассисаро бо роҳи қарз ба анҷом расонидем. Ҳоло аз дӯкону мағозаҳо қарздорем. Дар сметаи муассиса барои таъмир аз буҷети ноҳия 10.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо то ҳол ягон маблағашро мо дастрас накардаем…».
Аммо дар 1 суҳбат бо Тоҷиддин Мирзобаротов-сардори шуъбаи хазинадории молияи Ҳукумати н.Муъминобод маълум шуд, ки маблағи таъмир аз буҷети ноҳия барои таъмиру тармими мактабҳо дар моҳи август-сентябр ҷудо шудааст. Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки маблағи таъмир аз рӯи харҷномаҳои мактабҳо пардохт карда мешавад. Чанд муассисаи таълимие, ки мудирони мактаб аз буҷети ноҳия маблағи таъмирро гирифтаанд, ин аст:
Мактаби №30 3000, мактаби №39 3000, мактаби №7 1500, мактаби №1 6000, мактаби №48 5000 сомонӣ маблағи дар харҷномаҳо тасдиқшуда пурра пардохт гардидааст...».
Бояд гуфт, ки бештари мактабҳои таълимӣ то ҳол аз пардохти маблағ бенасиб монда, тармими муассисаро бо роҳи қарз ва кӯмаки омӯзгорон ба сомон расонидаанд. Дар фарҷом аён гардид, ки феълан шумораи зиёди мактабҳои миёнаи ноҳия бо қувваи худи омӯзгорон таъмир дидаанд. Омӯзгорони мактабро барои ҷалб дар корҳои тармим ҳеҷ кас «музд» намедиҳад. Роҳбари дилхоҳ мактабро аз таъмир пурсӣ, танҳо 1 гап мегӯяд: «Таъмири мактабро аз ҳисоби каме қарз ва тариқи ҳашар бо кӯмаки омӯзгорон ба охир расонидаем». Пас, суоли матраҳ ин аст: Агар таъмири мактабҳо бо каме қарзу кӯмаку ҳашари волидону омӯзгорон анҷом ёфта бошад, пас маблағҳои ҳангуфте, ки аз буҷети ҳукумати ноҳия ҷудо мешаванд, куҷо мераванд?
Исломи Раҷабалӣ,
СССР, Кӯлоб
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гашт, ки он дар Осиёи Марказҳамто надорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Академия иштирок намуда тамоми курсантону ҳайати шахсии ВКД ҶТро бо фарорасии соли нави хониш табрик намуд.
Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои бевоситаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корез-лоиҳа» ва пудратчиёни асосӣ – Корхонаи давлатии сохтмонӣ-васлкунии №2 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Сари Хосор», Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Сохтмони Кулиён» бо харҷи беш аз 117 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Марҳилаи аввали ин маҷмаа аз бинои таълимии 8-ошёна барои 1680 нафар курсант, 2 хобгоҳ барои 800 нафар курсантҳо, бинои истиқоматии 6-ошёнаи 48-ҳуҷрадор барои афсарон, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳ барои 50 мошини сабукрав иборат мебошад.
Барои анҷоми марҳилаи аввали сохтмони Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз бинои таълимӣ ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст? 69 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумлаи ин маблағҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ барои сохтмон 4 миллион ва бо таҷҳизоту мебел муҷаҳҳаз гардонидани бинои таълимӣ 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бинои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисмати А, Б ва В-и ҳампайваст бо таҳхона, бомпӯшҳои ҳамвор ва шервонӣ иборат буда, дорои 8- ошёна мебошад ва масоҳати умумии бино 18 ҳазору 481,2 м2-ро ташкил медиҳад.
Қисматҳои А ва В-и бинои таълимӣ дорои хазинаи китобхона барои 144 400 китоб бо 2 толори хониш барои 35 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо толори тестқабулкунӣ, 2 толори лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ, аз он ҷумла: синфхонаҳои махсуси криминалистӣ 1 адад, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ 1 адад, ронандагӣ 1 адад, таҷҳизоти махсус 1 адад, бехатарӣ аз сӯхтор 1 адад, утоқи машварати олимон 1 адад ва синфхонаҳои компютерӣ дар ҳар блоку ошёнаҳо 13 адад мебошад.
Дар ошёнаҳои 1 ва 2-юми блоки Б-и бино утоқи навбатдорон, утоқҳои проректорон, қабулгоҳ, утоқи кории ректор, толори хурди маҷлис ва қабули меҳмонон ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаи 3-юм то 8-уми бино утоқҳои деканҳо, муовинони деканҳо, мудирони кафедраҳо, утоқҳои корӣ, утоқҳои муаллимон, утоқҳои хоҷагидорӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгиранд.
Робита дар байни ошёнаҳои бинои нав бо 5 зинапоя ва 2 лифти мусофиркаши замонавӣ таъмин карда мешавад.
Дар мактабҳои миёна, барҳам додани санҷиши тестӣ ва ба санҷиши хаттӣ гузаштан иқдоми саривақтист. Чунки санҷиши тестӣ хонандаро бесавод ва муаллимро бесаводтар мекунад. Хонанда ва муаллим вақте ҷавоби тестро дастрас менамуд, санҷиш дар ним соат тамом мешуд. Инро барои фанни Алгебра мегӯям. Ман шоҳиди он будам, ки дар синфи 10 санҷиши аз синф ба синфгузаронӣ ва дар синфи 11 санҷиши тестии хатмкуниро ҷонишинони директор оид ба таълим, ки худ забончианд, мегирифтанд. Беқадрии фанни риёзӣ ва масхарабозии санҷиши тестӣ аз ин зиёд мешавад!? Дар бораи танзими соатҳои дарсӣ доир ба фанни математика фикри худро баён мекунам:
-Дар тамоми синфҳо аз математика соатҳои дарсӣ ихтисор шудааст. Ин танзими программа фақат барои камбағалон аст. Дар литсею гимназияҳо ва макотиби хос, ки фарзандони қишри болоии ҷомеа таҳсил мекунанд, оё ҳафтае 2 соат дарси алгебра мехонанд?!
Маорифчиён, шодии яклаҳзаина ва умрбод фаромӯшнашавандаи хонандагони синфи 1-«Иди алифбо»-ро баргардонед!!! 1 бор шеъри шодравон Лоиқро дар бораи Занги охирон хонеду ба таҷлили он монеа нашавед! Бовар кунед, хатмкунандагони синфи 11 ин шабу рӯз мурғи болшикастаеро мемонанд. Гӯё 1 чизи асосиро гум карда бошанд! Охир, ин чӣ ҷои бадӣ дошт, ки соате чанд саҳнаороӣ кунанду рақсанду бозанд, гӯянду биханданд ва охирин бор бо устодон сари хоне нишаста, бо орзуҳои нек хайрбод гӯянд? Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки муаллимон наметавонанд, озодона дар ҷашнвораҳо сари дастархоне бо ҳам нишаста пиёлаи чойеро нӯшанд. Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, дар ҷумҳурӣ муаллимон аз имтиёзҳое бархурдор буданд. Он имтиёзҳоро баргардонед, муҳтарам садрнишинони вазорат. Вақте ки Рамзан Қодиров идеали намояндаи Вазорати маориф ва илм асту тақлиди ноҷо ба турку араб мекунем, қатор-қатор филмҳои туркиро тарҷума ва ба халқи худ пешкаш месозем, хизмати хирсона кардаем. Чаро пеши инҳоро намегиред, агар ин қадар патриот ҳастед?
Ва ахиран нақши муаллимро баланд бардоштан лозим. Беқадрии муаллим ба ҷоест, ки агар дар Маркази Миллии Тестӣ ба ихтисоси интихобкардаат бал нарасид, мегӯянд: «Марҳамат, рав муаллим шав!»
50 соли умри худро сарфи таълиму тарбия карда, кӯшиш намудам, ки 85-90%-и дарси ман чун дарс гузарад. Ҳарчанд, ки зи кӯрдилон қадре надидам, аз роҳи тайкардаи худ ҳаргиз пушаймон нестам. Фақат ба камдонишӣ ва камсаводии фарзандони қишри миёнаи ҷомеа дилам месӯзад. Дили шумо чӣ?
Бурҳониддин Ҳомидов, омӯзгори фанни риёзии мактаби №33, н.Турсунзода
“Донишгоҳи миллӣ ҳамеша дар ҷои аввал аст. Имрӯз ҳама новобаста аз сатҳи донишаш мехоҳад, ки аввал ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуда бошад, баъдан дигар донишгоҳҳо интихоб мешаванд. Дар ин самт мо танқисӣ намекашем. Донишгоҳи миллиро интихоб кардаанд, мекунанд ва оянда ҳам хоҳанд кард. Сабаб он аст, ки мо пойгоҳи илмӣ, таълимӣ, варзишӣ, таҷрибаомӯзӣ дорем”-қайд намуд ӯ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги донишгоҳҳо дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст». Ин нуктаро муовини аввали ректор оид ба таълими ДМТ Миралиев Абдусалом дар нишасти матбуотии худ зимни посух ба суоли хабарнигор иброз намуд. Миралиев гуфт, ки имсол бояд 3800 донишҷӯ ба ДМТ қабул карда шаванд, ки ҳар 1 довталаб ҳуқуқ дорад, 12 ихтисосро интихоб намояд.
Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки дар ДМТ бо мақсади мунтазамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ факултети муштараки «Технологияи информатсионӣ»- и Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. «Мувофиқи шартномаи тарафайн дар факултети технологияи иттилоотии муштараки Тоҷикистон-Беларус донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин дар оянда ба таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар самти амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард» - гуфт Миралиев.
СССР
Вазири маориф ва илми кишвар таъкид медорад, ки санҷишҳои дар 3 соли охир гузаронидаи мутахасссиони соҳаи маориф ва илм аз он гувоҳӣ медиҳад, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Дар ин бора рӯзи 10.07.2017 зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми мамлакат Нуриддин Саид хабар дод
Дар соли таҳсили 2016-2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 364 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 522 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2979 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 1 миллиону 837 ҳазору 762 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазору 395 нафар бештар аст.
СССР
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи маориф ва илми мамлакат дар нимсолаи 1-ум иттиллоъ дод, ки аз соли ҷорӣ барои он хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб хоҳанд рафт, таҳсил аз 1.08.2017 оғоз меёбад.
- Мо ин таҷрибаро дорем ва соли гузашта чунин раванди таълимро ворид карда будем. Тамоми хонандагоне, ки бори якум ба мактаб ба синфи 1-ум мераванд, ба таҳсил аз 1 август ҷалб карда мешаванд. Дар тӯли 1 моҳ барои ин кӯдакон машғулиятҳои сабук ва шавқовар гузаронида шуда онҳоро бо ин васила ба мактаб омода мекунем, яъне давраи мутобиқшавӣ ба мактаб гузаронида мешавад. Барои кӯдаконе, ки аз муассисаҳои томактабӣ ба мактаб меоянд, машғулиятҳои пеш аз мактабӣ тибқи барнома гузаронида мешавад, аммо барои онҳое, ки аз ин дуранд, ин 1 моҳ беҳтарин имконият барои омодагӣ ба мактаб мешавад, таъкид дошт Нуриддин Саид.
Чуноне ки вазири маориф ва илми кишвар қайд намуд, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 234 ҳазор кӯдак ба синфи 1 қабул гардида буд, соли ҷорӣ бошад теъдоди хонандагони синфҳои якум то ба 240 ҳазор нафар хоҳад расид.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар