Дар моддаи 41-и Конститутсияи ҶТ гуфта шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад ва таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлат кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.
Суоли матраҳ ин аст, ки мактабҳои миёнаи умумӣ имрӯз то кадом ҳад ҷавобгӯӣ ин моддаи Конститутсия ҳастанд? Ё худ давраи қабули хонандагони синфи 1-умро низ мисли қабули довталабон ба донишгоҳ ба тиҷорат табдил додаанд? Дар ҳудуди ш.Душанбе 130 мактаби миёнаи умумӣ, 6 гимназия, 4 литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият доранд. Дар ин 130 мактаби миёна тибқи қонунгузорӣ бояд хонандагон ройгон ба таълим фаро гирифта шаванд. Вале дар асл вазъ чигуна аст???
Пул нест? Ҷой нест!
Оё Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дорад, ки ҳамин ҳоло қонунҳои худсохте дар мактабҳои миёна ба амал омадаанд, ки танҳо барои қабули кӯдак ба синфи 1 дар мактаб бояд маблағи муайяне пешпардохт намоӣ? Дар ғайри сурат баҳонаи фиктивӣ тайёр аст: «ҷой надорем, синфҳо пур!».
Ҳар шахсе, ки пул надорад шонси таълим низ надорад, пас риояи Конститутсияи ҶТ, ки асоси тамоми қонунҳост, оид ба таълим чӣ мешавад? Бо пайгирӣ аз ин мушкилот аз якчанд мактабҳои шаҳр дидан намудем.
Назди бинои мактаби №92 н.Сино. Яке аз волидон, ки дар навбати қабул буд, гуфт, аз ман барои кабули писарам 200 сомонӣ талаб доранд. Гуфтам ман ин шароитро надорам, шавҳарам маъюб асту худам танҳо кор мекунам. Гуфтанд пул набошад ҷой ҳам нест…
Дар 1 синф беш аз 50 хонанда…
Мактаби №8 н.И.Сомонӣ. Даромадан замон чашмам ба эълоне афтод, ки аз тамом шудани қабул ба синфи 1-ум дарак медод. Барои муътақид шудан назди муовини директор даромада, гуфтам барои супоридани фарзандам ба синфи 1 омадаам. Мавсуф дарҳол гуфт, ки ҷой надорему аллакай синфҳоро бастаем ва рӯйхати хонандагонро ба ман нишон дода, таъкид дошт, ки мо аз нақша зиёд талаба гирифтаему шумораи синфҳо зиёд шуда, ҳоло муаллим надорем.
- Дар синфхонаҳо 40 ҷойи нишаст ҳасту шумораи хонандагони ҳар 1 синф 50 нафар. Аз ин рӯ наметавонем дигар талаба қабул кунем, - афзуд муовини директор.
Ӯ ба ман гимназияи №14-ро тавсия дод, ки бо гузаштан ба бинои навсохт гимназия шудаасту нархгузории солонааш ҳам зиёд. Бо пурсиши оне, ки моҳонаи мактаби №8 чанд сомонӣ нарх дорад, муаллима гуфт, ки таҳсил дар мактаби мазкур бепул аст, аммо ҳар моҳ маблағи муайянеро худи роҳбарони синф аз талабаҳо барои «фонди ободонӣ» ҷамъоварӣ мекунад.
Пулҷамъкунӣ қонунист?
Ба гимназияи таърифии №14 рафтем. Маълум шуд, ки фақат барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт намоӣ, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои нав, шароитҳо люкс ва таҳсил бо стандартҳои байналмилалӣ, муаллимони касбӣ, таълим низ босифат. Пулдорҳо ку зӯрашон мерасад ва имкон доранд фарзандони худро дар чунин мактабҳо хононанд. Вале мардуми одӣ чӣ? Шояд зӯрашон ба 200 сомонӣ пешпардохти мактаби оддӣ расад, вале магар ин амал ва пулҷамъкунӣ қонунист? Оилаҳое ҳастанд, ки ҳатто барои харидани 1 китобу ҷадвалу ручка зӯрашон намерасад…
Таъмири шикасту рехт кори кист?
Ба мактаби №91 маҳалаи Гипрозем ба ҳайси 1 модар рафтам, чун ман дар қайди ҳамон ноҳияам. Барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Ҳангоми баромадан аз бинои мактаб модаре шикоят кард, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки мавсуф дар қайди ноҳияи дигар будаст. Аз ин маълум мешавад, вақте мушкили ҳуҷҷатӣ дошта бошӣ, баҳонаи тайёр барои ришва аст?!
Аз маблағи моҳонае, ки ҳар роҳбари синф худаш барои синфаш ҷамъ мекунад, пурсон шудем. Муаллимае, ки роҳбари синф будааст, гуфт:
-Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1 шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем?
Ба ояндаи кӯдак умед бандем?
Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем, зеро воқеан ин падида-ҷамъ кардани маблағ барои қабул ба синфи1-ум бо баҳонаи омодасозии ҳуҷҷатҳои қабул дар чанд соли ахир ба 1 проблемаи муҳим мубаддал гаштааст. Ба додани пул ҳангоми қабул ба боғчаву донишгоҳу коллеҷу литсей кайҳо одат кардаем, аммо пардохти маблағ барои қабул ба синфи 1-ум ва он ҳам дар мактабҳои одии давлатӣ барои волидайн аллакай бонги хатар аст. Зеро вақте аз қадами аввал, ришва додаву барои кӯдаки 7 сола партаро дар мактабу синф мехарем, қадами нахустини ӯ ба олами илму маърифат бо маблағпардозӣ шуруъ мешавад, пас аз ояндаи ӯ чӣ умед бояд дошта бошем?
Суолест матраҳ ва на танҳо барои мактабу муаллиму волидайн. Мо Метавонем!
Баҳори Нозанин,
Модари таҷрубавии СССР
Дар мактабҳои миёна хатмкунандагони синфҳои 11 барои донишҷӯ шудан ҳаққи хизматрасонӣ ва барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 240 сомонӣ ба ММТ месупоранд. Аммо бешак ҳастанд волидоне, ки камбизоатанд ё намехоҳанд фарзандашон таҳсилро идома диҳанд, вале аз ҷониби роҳбарони мактаб ё ба гуфти худи директорон (мо нақшаро иҷро мекунем!) иҷборан аз хонандагон хоҳ ба ММТ ҳуҷҷат супоранд хоҳ не 240 сомонӣ мегиранд.
Ин ҳолатро Хуршед Икромӣ, директории Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ чунин шарҳ дод:
- 240 сомоние, ки довталаб барои ҳаққи хизматрасонӣ барои иштирок ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ месупорад, маҷбурӣ нест. Агар аз ҷониби довталаб, омӯзгоре ё фарде дар ин бора ба мо муроҷиат шавад, мо ҳатман чораандешӣ мекунем.
Дар идомаи сӯҳбат Хуршед Икромӣ қайд кард, ки ҳар касе хоҳад, метавонад барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ саводи худро дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ санҷад. Аммо дар ягон маврид ҳолати маҷбурӣ пул ситонидан нест. Мо дар тамоми баромадҳоямон таъкид мекунем, ки дохил шудан ба ММТ ихтиёрист, на маҷбурӣ.
Мудирон посухгӯянд
Пас саволе, ба миён меояд, ки чаро роҳбарони макотиби миёна аз хонандагон маҷбурӣ 240 сомонӣ меситонанд? Ҳоло он ки директори Марказ Хуршед Икромӣ мегӯяд, ки амали маблағгирӣ маҷбурӣ нест?! Ба саволи дар боло зикршуда, директорон не, бояд мудирони шуъбаҳои маориф посух гӯянд, зеро директорон зертобеанд. Агар пурсӣ, албатта мегӯянд, ки (фармон аз …боло). Пеши роҳи чунин маблағситониро зуд бояд гирифт!
Роҳ ба тақсимот
Зимни суҳбат ба хабарнигори СССР директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ дар бораи роҳ ёфтан ё наёфтани довталабон ба тақисмот, ки мушкилии аксар довталаб шудааст, чунин гуфт:
- Масалан, довталаби мо аз 1 ё зиёда имтиҳон баҳои 2 бигирад ба тақсимот роҳ намеёбад. Ва агар довталабоне, ки ба тақсимот роҳ меёбанд, пас онҳо аз ягон имтиҳон баҳои 2 нагирифта, холҳои гузаришро ба даст овардаанд…
М.Мурод, СССР
Имрӯз проблемаи №1 барои сокинони пойтахт на нархи сабзиву орд, на мактаби оливу миёна, на ҷои кору хобгоҳ, ки набуд ва ё норасоии кӯдакистонҳост. Ҳар оилаи ҷавон, бобову бибӣ, медонад, ки ман чиро дар назар дорам…
Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?
Шароити бештари боғчаҳои давлатии ш. Душанбе аслан хуб набуда, ниёз ба таъмир ва таъмини шароити дилхӯшии кӯдакон доранд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук аз ҷониби волидон оид ба пулҷамъкунӣ аз тарафи маъмурияти боғчаҳо ҳамеша шикоят зиёд аст. Новобаста аз он, ки Вазорати маориф ва илми ҶТ пулҷамъкуниро дар муассисаҳои томактабӣ рад мекунад, вале ин падида ҳаст ва сол аз сол ба ҷои коҳиш ёфтан, афзун мегардад.
681 боғча
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 адад расида, шумораи кӯдакон 97 679 нафарро дар бар мегирад. Шумораи кӯдакистонҳо дар 6 моҳи ахир ба 19 адад зиёд шудааст. Айни замон, дар ВМКБ 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2141 кӯдак, дар вилояти Хатлон 158 муассиса бо фарогирии 16783 кӯдак, дар вилояти Суғд 276 адад бо фарогирии 40283 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 8566 тифл ва дар ш.Душанбе 136 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 29906 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.
Дар робита ба амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ дар ҶТ, дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян низ амалӣ гардидаанд. Агар чунин марказҳо дар соли таҳсили 2019-2020 1771 адад бо фарогирии 46360 кӯдак бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2020-2021 ба 1764 расид, ки дар онҳо 49332 нафар ба тарбия фаро гирифта шуд. Мувофиқи маълумотҳо айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак бо фарогири 8200 нафар фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Таъмирро кӣ кунад-ҳукумат ё волидайн?
Азнавсозӣ, баргардонидани биноҳои кӯдакистонҳо, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, Марказҳои инкишофи кӯдак ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Вале дар ин самт мақомоти дахлдор корҳои судмандро ба анҷом нарасонданд. Ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Ба нақша гирифтани масъалаи баргардонидани биноҳое, ки дорои шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошанд, барои фарогирии бештари кӯдакон зарур аст.
Ҳамчунин, таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мизу курсӣ ва рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ ниёз доранд.
«Кисаи чап»-маблағ ба куҷо меравад?
Тавре маълум гашт, мушкили моддию молии боғчаҳо аслан ба Вазорати маориф ва илми мамлакат рабт надорад. Маблағгузорие, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад ба кисаи чапи дигар мақомот меравад: ба ҳукуматҳои маҳаллӣ... Шояд рӯзе расида, ки маблағ бевосита ба худи боғча гузарад? Дар ин моҷарову гирудор на мураббия ва на мудири боғчаҳо гунаҳкор нестанд, зеро маблағгузорӣ то дасти онҳо намерасад, ки ба каму кости боғча расидагӣ кунанд. Бештаре аз волидон ғайри моҳонаи муқарраршудаи давлатӣ бо розигии худ маблағи иловагие ба мураббияву парастори кӯдак медиҳанд, ки аз кӯдакашон хуб муроғибат шавад ва ин 1 қадрдонии заҳмати мураббия ба ҳисоб меравад.
Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?
Пайваста ҷамъоварии пули таъмиру бозича, рангу бор, таъмири ҳавзи шиноварӣ дар тобистон ва дар зимистон бошад пули бухорию парда барои гурӯҳҳои синни болоӣ коғазу дафтар, лавозимоти омӯзишию таълимӣ, инҳо магар ба зиммаи волидон аст? Пас он маблағе, ки барои рафъи ин камбудиҳо аз буҷа ҷудо мешавад, куҷо меравад? Бале, нисбат ба боғчаҳои хусусӣ, ки нархи моҳонаашон аз 800 то 2000 мебошад ин маблағ чизе нест, вале мо талаб надорем, ки шароитро мисли кӯдакистонҳои хусусӣ ба қавле «люкс» кунед! Танҳо ҳамон шароити хурдтаринро барои хушгузаронии кӯдакони қишри миёнаи аҳолӣ муҳайё созед. Қариб ҳама биноҳои боғча аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд, ҳадди ақал ҳамон биноҳоро аз таъмири капиталӣ бароред, бас.
Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем!
Баҳори Мубориз, СССР
PS: Меҳвари барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯдакистонҳо бошанд. Ислоҳотро бояд аз кӯдакистонҳо оғоз кард. Бояд ҳарчи бештар кӯдакистон сохту барои кӯдакон шароит фароҳам овард, кӯдаконро ройгон таълиму тадрис дод. Ояндаи миллат он вақт дурахшон мешавад, ки кӯдаконаш донову зирак ба воя расанд. «Хишти аввалаш!» ҳамин дия…
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 дар ш.Душанбе 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 адад маркази ташхисию табобатӣ, 39 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 адад бинои баландошёна бо ҷойгиронии 117 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 13 адад биноҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, 61 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона, 7 адад гулгашт, 4 адад толори варзишӣ, 4 адад ҳаммом, 5 адад сардхона ва анборхона, таъмири 105 адад хобгоҳҳо, таъмиру навсозии роҳҳо бо дарозии 140,2 км (478575 м2), таъмир ва рангубори обравҳо, сангканораҳо, қуттиҳои партовҷамъкунӣ, иваз намудани истгоҳҳои трансформаторӣ, симчӯбҳо, симҳои луч, шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, майсазоргардонӣ, рангубори 2140 адад биноҳо, навсозии 507 адад нуқтаҳои партовпартоӣ бунёд, ифтитоҳ ва амалӣ гаштанд.
Тавре Амирхон Қурбонзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби 526 адад корхонаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 4090 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд, то имрӯз 3916 донишҷӯ ба Ватан баргардонида ва 65 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тавре зимни баргузории нишасти хабарӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ зикр намуд, айни ҳол 83 нафар дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Лозим ба таъкид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайрирасмӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4059 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми мамлакат дар робита ба баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, гуфт, ки ҳамаи онҳо пас аз баргашт ба мактабҳои олии кишвар дохил мешаванд.
- Донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, метавонанд барои идомаи таҳсил ба вазорат муроҷиат кунанд. Дар Қирғизистон беш аз 2000 донишҷӯйи тоҷик таҳсил доранд. 1 қисми ками онҳо дар асоси квотаҳои байниҳукуматӣ ва боқимонда худашон барои таҳсил ба Қиғизистон рафтаанд. Бештари онҳо дар Бодканд, Уш ва ш.Бишкек мехонанд. Бо мақсади ёрӣ дар сомонаи худ гуфтем, ки ҳар касе мехоҳад ба инҷо биояд, ба мо муроҷиат кунад. Аризаҳои зиёд ворид шуданд, ҳатман кумак мекунем. Ягон шаҳрванди мо аз таҳсил берун намемонад. Чанде пеш бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон суҳбат доштем. Шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳои худро гирифтан наметавонанд, мо ба сафорат муроҷиат мекунем, то кумак намоянд, - таъкид дошт Маҳмадюсуф Имомзода.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар