Сафорати ИМА дар Душанбе озмунро барои супоридани лоиҳаҳо барои иштирок дар барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар солҳои 2016-2018 эълон менамояд. Ҳадафи ин барнома таъмин кардани ҷавонони бидуни имконият бо имконияти омӯзиши забони англисӣ ва такмили малакаи роҳбарии худ тавассути таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ ва ҷалб шудан ба фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар бахши матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, барномаи мазкур хонандагони синфи 9-умро аз хонаводаҳои камбизоат фаро мегирад. Барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ бояд омӯзиши дусолаи забони англисиро иборат аз ҳадди ақал 180 соати таълимӣ дар сол таъмин намояд. Ин барнома бояд дарсҳои забони англисӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои берун аз синф ва унсурҳои ташаккулдиҳандаро дарбар гирад. Намунаҳои унсурҳои ташаккулдиҳандаи вобаста ба забони англисӣ ва фарҳанги Амрико фаъолиятҳои монанди драма, компютер, рақс, ҳунар, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, сафарҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои махсуси фарҳангӣ ба монанди “Чоруми июл” ва рушди маҳоратҳои роҳбарӣ, эҷоди рӯҳияи кори гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва маҳоратҳои таҳаммулро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои тобистонаи Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ мумкин аст фаъолияти муҳими иловагӣ бошад ва ё шомили барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишҷӯ бошад. Ин машғулиятҳои лагери тобистона бояд ҳадди ақал 1 ҳафта давом кунанд ва ба онҳо ҷалбкунии шарикони англисизабон ва ғайрианглисизабон муҳим мебошад.
Пешниҳоди лоиҳа бояд аз тавсифи хаттии лоиҳа ва тақсимоти муфассали буҷа дар формати Microsoft Excel иборат бошанд. Тавсифи хаттии лоиҳаро аз вебсайти мазкур метавон дастрас намуд: http://goo.gl/2syBei
Буҷa (дар формати Excel) бояд дорои тақсимоти муфассали хароҷотҳо барои барномаи дусола, аз ҷумла таълим, китобҳо/маводҳо, ҳамлу нақл ва ғизои донишҷӯ, идоракунии лоиҳа, фаъолиятҳои сайқали дониш ва ғ. бошад. Ба ҳисоби миёна, харҷҳои як донишҷӯ дар чаҳорчӯби барномаи дусола $1,100 доллари амрикоиро фаро мегиранд. Шумораи пешниҳодшудаи донишҷӯён 20-25 нафар бар ҳар як лоиҳа мебошад, вале шумораи зиёдтар бо хароҷоти камтар бештар тавсия дода мешавад. Дар оғози барнома донишҷӯён бояд дар синфи нуҳум бошанд.
Ба хотири қобили қабул будан барои баррасӣ, ҳар як дархосткунанда бояд дар ҳоли ҳозир ба барномаи таълими забони англисӣ ҷалб шуда бошад. Созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ариза пешниҳод намудан ба ин барнома қобили қабул ҳастанд. Таъминкунандагони хадамот аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон барои ариза пешниҳод кардан ҳавасманд карда мешаванд.
Лоиҳа бояд бо забони англисӣ пешниҳод шавад. Тавсифи хаттӣ ва тақсимоти муфассали буҷа бояд дар компютер чоп шуда, на дертар аз 1 июли соли 2016 ба сафорати ИМА дар ҶТ ирсол гардад.
СССР
Китобҳо
Latest News
-
-
Сайёфи Мизроб
Сафардидаи Маккавӣ
-
-
-
Сайёфи Мизроб
Муштҳои бедорӣ