ХАБАРИ ДОҒ

ХАТМКУНАНДАГОНИ ПАНҶАКЕНТ: ДУХТАРОН 660 НАФАР ЗИЁД

  • Чоршанбе, Июн 08 2016

Соли равон аз 94 мактаби миёна дар шаҳри Панҷакент, 3194 нафар мактабро хатм намуданд. Дар ин бора Ориф Орифов иҷрокунандаи вазифаи мудири маорифи шаҳри Панҷакент ба «СССР» хабар дод.

 

Ба гуфтаи манбаъ, аз ин миқдор хатмкунандагони мактабҳои шаҳру деҳоти Панҷакент, 1927 нафар духтарон ва 1267 нафарашон писарон будаанд. 

- Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 134 дабистон фаъолият мекунад ва аз ин шумора 94 тояш мактабҳои миёна ҳастанд. Мо дар асоси фармоиши вазири маориф амал намуда «Занги охир» - ро дар синфхонаҳо гузаронидем, иброз дошт Орифов.

Бояд гуфт, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон, имсол занги охир бе ягон чорабинии анъанавие, ки солҳои қабл таҷлил мешуд, баргузор гардид.  

Ҳамчунин тӯли чанд сол мешавад, ки занги охир аз санаи 25-уми май ба 6-ум  ё 7-уми июн «кӯч бастааст».

Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter