- На ман ва на роҳбарияти вазорати маориф ва илм барои ҷамъоварии пули ба ном «фонди» мактаб ба ягон муассисаи таълимии мамлакат супориш ва ё дастур надодаем ва агар то ҳол дар мактабҳо бо ин баҳона маблағ ҷамъ мекунанд, пас ин кори директори мактаб ва коллективи омӯзгории ӯ аст, на вазорати маориф ва илм! Сокинони кишвар метавонанд бо чунин далелҳо ба мо муроҷиат намоянд ва дар сурати исбот шудани он, шахсони масъул ҳатман муҷозот хоҳанд шуд. Ба ғайр аз ин, бояд қайд намоям, ки айни замон дар аксари мактабҳои ҷумҳурӣ бо хоҳиши падару модарон ва имзои шартномаи 2 тарафа дарсҳои иловагӣ аз рӯи фанҳои дақиқ ҷорӣ шуда маблағи он на ба дасти муаллимон ва директории мактаб, балки ба суратҳисоби он муассисаи таълимӣ меравад. Аз ин лиҳоз волидайн бояд пеш аз супоридани маблағ барои дарсҳои иловагӣ шартнома баста суратҳисоби мактабро талаб намоянд, - иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 578 муассисаи томактабӣ, 77 муассисаи интернатӣ, 3855 муассисаи таҳсилоти миёна ва 39 мактаби олӣ фаъолият менамоянд.
СССР