Айни замон дар донишгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср ва ҶИЭ 228 донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки онҳо бо хоҳиши худ рафта таҳсилро аз ҳисоби хеш идома дода истодаанд ва коршиносони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ тамоми саъю талоши хешро барои ба Ватан баргардонида овардани ин донишҷӯён сарф мекунанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур рӯзи 12 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки ҳоло дар кишвар 1 маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3551 масҷиди панҷвақта, 3 адад Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ ва дар маҷмӯъ 4006 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда фаъолият доранд.
СССР