ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамидуллохон Фақеров: дар задухӯрд танҳо 1 мактабхон буд

  • Душанбе, Янв 09 2017

Ҳамидуллохон Фақеров, сардори Раёсати маорифи ш. Душанбе таъкид медорад, ки дар байни ҷавонону наврасони шаби 2 ба 3 январи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 104-уми пойтахт задухӯрд карданд, танҳо 1 нафар хонандаи мактаби миёна буда боқӣ мактабро пас аз синфи 9 хатм карда бархе аз онҳо моҳи ноябри соли 2016 аз мактаб ронда шудаанд. Ба ақидаи Ҳ. Фақеров задухӯрд дар байни ҷавонону наврасон ба мактаб дахл надошта ҷанҷоли маҳалҳо будааст ва сари ин қазия Прокуратураи генералии ҶТ тафтишоти хешро оғоз кардааст.

Бояд хотиррасон кард, ки задухӯрд байни ҷавонону наврасони маҳаллаҳои 102 ва 103 шоми 2 январ сурат гирифта дар пайи ин муноқиша 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

- Айни замон 15 нафар аз ин даъвогарон боздошт шуда нисбати онҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад. Аксарияти ҷавонон аз оилаҳои носолим, бе падар ва ё модар, дар тарбияи бибиву холаҳо қарор дошта танҳо 2 нафари боздоштшудаҳо дар оилаҳои солим ба воя расидаанд. Ҳоло мардум санги маломат ба сари устодону мактаб мезананд, ки ин дуруст нест, на танҳо мактаб, балки оила ва ҷомеа низ масъул аст, гуфт Ҳамидуллохон Фавқеров ба хабарнигорон.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter