- Ман ҳамеша зидди ҳар гуна пулҷамъкунӣ барои пардаву печка, суғурта, пули китобу рӯзнома ва ҳоказо дар мактаб ҳастам ва намегузорам, ки бархе аз директорон ва омӯзгорони бевиҷдон мактабро ба манбаи даромади хеш табдил диҳанд. Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандон, алалхусус волидайн хоҳиш менамоям, ки дар ҳолати сар задани чунин амалҳои тамаъкорона аз ҷониби омӯзгорону маъмурияти мактабҳо ба телефони боварии вазорати маориф ва илми мамлакат занг зада хабар диҳанд: 227-76-86, афзуд вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид рӯзи 9.01.2017 зимни нишасти матбуотӣ дар ш. Душанбе.
СССР