ХАБАРИ ДОҒ

Вазири маориф ва илм: дар 1 сол 201 мактаб сохтем!

  • Душанбе, Янв 09 2017

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки танҳо дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби тамоми маъхазҳои молиявӣ 201 мактаб сохта шуда шумораи хонандагон дар соли нави таҳсил 54 ҳазор нафар зиёд гардид.

 

Айни замон дар ҷумҳурӣ 3865 муассисаи рӯзона, аз ҷумла 364 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 522 умумии асосӣ ва 2979 миёнаи умумӣ фаъолият дошта 1837762 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ, дар кишвар 603 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 94724 нафар кӯдак фаъолият намуда 127 тои он дар ш. Душанбе ҷойгиранд. Шумораи омӯзгорон бошад 116 ҳазор нафарро ташкил дода 52%-и ин теъдодро занон ташкил медиҳанд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter