ХАБАРИ ДОҒ

Ҷомеъаро бояд муфтхӯр накунем. Донишҷӯён дигар хурд нестанд, онҳо худашон ҳам кор кунанд, ҳам ҳунар омӯзанд ва ҳам бояд хонанд - гуфт Муаззамхон Ансорӣ, ректори Донишкадаи Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, зимни нишасти хабарӣ.

Ба иттилои ҷаноби Ансорӣ, дар назди Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, курсҳои касбу ҳунаромӯзӣ фаъолият дорад, ки донишҷӯён метавонанд дар ин ҷо ҳунар омӯзанд ва ҳам таҳсил кунанд.

- То кай ба мо аз хориҷ  омада кор меомӯзонанд? То кай хориҷиён ба мо заводу фабрика мекушянд? Заминҳои зиёде ҳастанд, ки агар ин ҷомеъа худаш дар он пайваста меҳнат кунад, ҳосил ва даромади хубе метавон ба даст овард. Ман шахсан зидди муфтхӯр кардани ҷавононам - посух дод Ансорӣ дар робита ба суоли хабарнигорон, ки вобаста ба имтиёзҳо ва таҳсили буҷавии ҷавонон пурсида шуд. Ӯ илова намуд, ки барои навиштани иншои беҳтарин дар мавзӯи Паёми президент озмун эълон кардем. Донишҷӯ маҷбур шуд худаш чанд маротиба паёмро хонад, то иншои хуб нависад. Дар ҷамбаст ба ғолиб 500 сомонӣ мукофот додем. Зеро ӯ меҳнат карда хонд. Ана ҳаминтавр бо роҳи ҳавасмандкунӣ ҳам метавон донишҷӯёнро аз танбалию муфтхӯрӣ раҳо намуд.

Хуршед Фозилов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter