ХАБАРИ ДОҒ

«Фонди падару модарон» қонунист?

  • Чоршанбе, Янв 05 2022

 

Фарзандони ман дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар-№11, №2, таҳсил менамоянд. Аз таърихи 20-уми моҳ оғоз намуда, дар муассиса аз ҳар яки онҳо 50 сомонӣ ба қавли директорони ин муассиса ва роҳбарони синфҳо «моҳона» талаб менамоянд. Агар ин маблағро дарёфт карда натавонам, фарзандонамро ба дарс роҳ намедиҳанд. Ҳеч касе намехоҳад, ки фарзанди ӯро дар ин мактаб мисли «гови қашқа» ҷудо намуда, волидайни эшонро ба аризабозӣ муттаҳам намоянд, зимнан ҳамаи мо хаппем.

Дар аксар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар ин маблағро бо номи «фонди Кумитаи падару модарон» ҷамъ менамоянд ва гуё он барои беҳдошти муассиса харҷ мешавад. Вале мо хуб медонем дар асл дар ин муассисаҳо ягон ташкилоти хайриявӣ бо номи «Кумитаи падару модарон» қонунан ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият намекунанд, ягон суратҳисоб ва оинномаи тарзи фаъолият надоранду дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд. Агар ин гуна кумитаҳо ҳамчун ташкилоти хайриявӣ дар оянда дар ҳақиқат таъсис дода шаванд, пас воридшавӣ ва маблагузорӣ ба онҳо мутобиқи қонун танҳо ихтиёрӣ мебошад.

Мутобиқи Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «таълимоти умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Пас ҳануз ҳам таҳсил дар муассисаҳои таълимии умумӣ ройгон асту дар кадом асос аз хонандагон пул талаб менамоянд?

М.Сафарзода,

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter