ХАБАРИ ДОҒ

 

Устод Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ замоне ба ин вазифа омаданд, ки на танҳо кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати ниҳоят вазнини пандемия қарор дошт ва тамоми таваҷҷуҳ ба мубориза ба ин бемории ҳамагир равона гардида буд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, чандин корҳои мондагоре анҷом доданд, ки ҳатман ба нафъи рушди соҳа буд.

 

“МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Вақте нахустин ҷаласаро бо ҳайати кормандони вазорат доир карданд, сухани аввалин ҳамин буд: “Мақоми омӯзгорро бояд баланд бардошт. Ва ин корро аз худи мо, аз ҳамин вазорат бояд шуруъ кард. Ман намехоҳам, ки ҳар як раҳгузар омӯзгорро таҳқир кунад ва обрӯйи омӯзгорро коста гардонад!”

Ва нахустин вохӯрию мулоқотҳоро бо роҳбарияти мақомотҳои қудратии кишвар доир карданд, ки суҳбати меҳварии эшон танҳо ҳамин буд – дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа!

 

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ СОҲА

Дигар коре, ки анҷом ёфт, ин ҳифзшаванда шудани маблағгузории соҳаи маориф аст. Яъне, то ин замон, агар маблағи ба муассисаҳо ҷудошударо баъзе аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақсадҳои ғайрисоҳавӣ сарф мекарданд, ҳамакнун дигар наметавонанд кореро анҷом диҳанд, чун маблағҳои ҳифзшаванд ҳамеша зери назорату санҷиши мақомоти дахлдор аст... Дақиқан, бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» пешниҳод карда шуд, ки дар маҷмуъ ҳамаи маблағҳои соҳаи маориф ҳимояшаванда ҳисобида шавад. Пешниҳоди вазорат аз тарафи Парлумон ва Ҳукумати ҶТ дастгирӣ ёфта, бо назардошти талаботи банди 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» соҳаи маориф ба соҳаи ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ дохил карда шудааст...

Аз 12 то 14-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Саммити RiwerEd баргузор гардид, ки дар он устод Муҳаммадюсуф Имомзода

узви алтернативии Шӯрои директорони GPE, ки аз ҳавзаи интихоботии Аврупои Шарқӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунад, интихоб гардид...

 

  ДАР БОБИ ИНСОНИЯТ

На ҳар роҳбар метавонад мисли устод Имомзода муносибат дошта бошад. Аслан, ками дар кам дидаам роҳбаронеро, ки мисли устод бо корманд муносибат дошта бошанд. Барояшон боғбону фаррош ва муовинони вазир ҳама як буданд.

Вақте дар сафари корӣ дар вилояти Суғд буданд, ба хонаи марҳум сароянда Дамирбек Олимов ва зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба хонаи ҳаҷвнигор Аловуддин Абдуллоев барои баёни таъзия рафтанд... Дар баробари ин, дар тамоми сафарҳои корӣ, вақте мефаҳмиданд, ки як нафар омӯзгор, фавтидааст, ҳатман ба хонаи эшон барои дуои фотиҳа мерафтанд!

 

 ЭҲТИРОМ БА ҶОМЕАИ ЖУРНАЛИСТӢ

Устод Имомзода ба ҷомеаи журналистӣ эҳтироми хос доштанд. Ҳамеша мустақим бо чанде аз ҳамкасбон дар алоқа буданд ва маслиҳату пешниҳодоти онҳоро пайваста қабул доштанд. Ва дар тамоми ҷаласаҳо ҳам таъкид мекарданд, ки зимни дархости журналистон кормандон муносибати дурустро ба роҳ монанд ва ҳар дархосте, ки мешавад, қабул доранд.

Ҳамарӯза аз навиштаҳои журналистон бохабар мешуданд ва ҷиҳати корбарӣ қарор додани таклифу пешниҳодоти ироашуда ба масъулин дастурҳо ҳам медоданд.

Нишасти матбуотии ахиран бори дигар ин гуфтаҳоро исбот кард. Журналисти Спутник.тҷ аз мушкилоти мактаби 35-и ноҳияи Деваштич гуфт. Зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд бевосита аз ин муассиса дидан карданд ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ё ҳамкасби дигарамон аз Радиои Тоҷикистон вақте аз мушкилоти мактаби №8-и шаҳри Душанбе гуфт, бевосита дастур доданд, ки дар муассиса вохӯрии масъулин бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ ташкил карда шавад ва ҷиҳати ҳалли ин мушкилот чораҳои дахлдор андешида шавад.

 

“КОМАНДА”-И УСТОД ИМОМЗОДА

Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазир, Гулчеҳра Ғанизода, Диловар Қодирзода ва Нуралӣ Собирзода-муовинони вазир беҳтарин мутахассисон буданд ва дар вазорат барои кормандон он шароиту муҳитеро созгор карда буданд, ки ҳар нафар аз фаъолият доштан дар вазорат қаноатманд буд.

Бовар дорам, ки ҳар 1 корманди вазорат-шуруъ аз боғбону фаррош то сардорони раёсат аз фаъолияти вазиру муовинони он розӣ буданд ва розӣ ҳам ҳастанд!

Дар корҳои идориву илмиву эҷодии минбаъда ва дар рӯзгорашон барору комёбиҳоро хоҳонам!

Эҳсони Хушбахт

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter