ХАБАРИ ДОҒ

Омодагии дифо: соату кадр ҳаст, муаллим канӣ?

  • Чоршанбе, Март 09 2022

 

Пас аз пулакӣ шудани хизмат, “облава”-ҳои пайдарпай ва фирори ҷавонони синни даъват ба хизмат, хосса омӯзгорони ҷавон аз мактабҳои миёнаи мамлакат масъалаи дарсҳои омодагии ҳарбӣ ва ба ин восита боло бардоштани рӯҳияи патриотизми наврасону ҷавонон дубора гарм шуд. Воқен ҳам чаро фанн ё дарси омодагии дифо дар мактабҳои миёнаи кишвар кам шуд? Оё ин дарсҳо аз барномаи таълимӣ гирифта шуданд ва ё набудани муаллимони фанни ин дарс ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Ин ҳафта мо тасмим гирифтем ин мавзуро пайгир бошем.

 

Дар 1 ҳафта 1 соат

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар рӯҳияи ҳисси баланди ифтихори ватандорию хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон ҳамасола вазъи таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ин ё он шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои муассир меандешад.

Тавре ба мухбири СССР Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дод, тибқи талаботи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2018, №16/32) ба таълими фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” барои зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) ҳафтае 1 соатӣ ҷудо карда шудааст.

-       Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади риояи талаботи қонунгузории соҳавӣ дар самти тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ китоби дарсӣ аз фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» барои хонандагони синфҳои 10-11 соли 2018 ва Барномаи фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» барои хонандагони синфҳои 10-11 соли 2019 (муаллифон Н. Исмоилов ва Қ.Зиёев) таҷдиди назар гардида, аз чоп баромада, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” аз барномаҳои таълимии мактабҳои пойтахт бардошта нашудааст. Овозаи аз барномаҳои таълимӣ баровардани фанни мазкур асос надорад ва дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ин фан дарс дода мешавад. Агар дар муассисае ин фан дарс дода нашавад, шояд сабабааш набудани муаллими фаннӣ аст, - афзуд Эҳсони Хушбахт.

Кафедраҳои ҳарбӣ дар 8 мактаби олӣ

Тавре номбурда зикр кард, айни замон дар 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайриқудратии ҷумҳурӣ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон) кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият менамоянд.

Хатмкунандагони ин ҳама кафедраҳои ҳарбӣ барои кор ба мактаб мерафта бошанд?

Кадр ҳаст, муаллим нест!

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С.Раҳимови кишвар яке аз донишкадаҳоест, ки кадрҳои ояндааш бештар аз ҳама барои таълим одани фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифо ба мактабҳо сафарбар мешаванд.

Факултаи тарбияи ҷисмонии ин донишгоҳ аз соли 2009 номи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбиро гирифта, то ба имрӯз фаъолият дорад. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона-ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва дар таълими ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ тариқи шарномавӣ ва буҷавӣ мутахассисонро тайёр менамояд.

Сайдои Шариф яке аз донишҷуёни фаъоли донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ, ки чанд сол қабл донишгоҳро хатм намудааст, мегӯяд, ки  5 сол қабл донишгоҳи тарбияи ҷисмониро хатм карда, бино ба гуфтаи ӯ шогирдоне, ки дар ин донишгоҳ мутахассис омода мекунанд, ҳатман ба ҳадафҳои хеш онҳоро мерасонанд.

-       Ҳамасола шогирдони зиёди ин донишгоҳ дар мусобиқаҳои  ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Фарзи мисол Мавзуна Чориева, ғолиби бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон-2012 дар Лондон, қаҳрамони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева ҳоло бошад, апаи Мавзуна мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шуд, ки боиси ифтихори донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ аст. Ҳамзамон Зебунисо Рустамова, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастю Он кас маҳфили камонварии шахсии худро таъсис дода бо кӯдакону наврасон ва ҷавонон кор мекунад.

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, қаҳрамони олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, ноиби қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015, ғолиби Осиё. Бозиҳои 2006, 2010 ва 2014, чемпиони чоркаратаи Осиё (2009, 2013, 2015, 2017), чемпиони Осиё байни наврасон дар солҳои 1999 ва 2001. ва Муин Ғафуров, муҳорибаи омехтаи тоҷик, узви тими миллии кишвар оид ба самбои размӣ, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбои размӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба грэпплинг, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ММА, дзюдочӣ, устоди варзиши Тоҷикистон дараҷаи байналмилалӣ дар самбои ҷангӣ ва дигар чеҳраҳои варзишгарон ки номбарошон кунем тамомшавӣ надорад.  Устодони ин донишгоҳ барои дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ хеле мекӯшанд, гуфт Сайидои Шариф.

Албатта ин хуб аст, вале чаро бо ин ҳама заҳмату талошу имконияту шароит хатмкунандагони ин даргоҳ барои фаъолияти минбаъда ба мактабҳои деҳот намераванд, то бо наврасону ҷавонон машғул ба кор шуда, ҳисси ватандӯстиву патриотизми онҳоро бедор ва тануманду ҷасур намоянд? Шояд проблема дар камбуди маош, набудани шароити зист, набудани имтиёзҳои оддитарин барои фаъолияти омӯзгорӣ сабаби ҳамаи ин фирор карданҳост? Суолест албатта матраҳ... 

Омиронаи Сайёф,

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter