ХАБАРИ ДОҒ

Мактаб қарздору омӯзгор гунаҳкор

  • Ҷумъа, Март 18 2022

 

Дар тақсимоти нодурусти китобҳои дарсӣ худи шуъбаҳои маориф айбдоранд. Баъзе китобҳои дарсӣ, ки мактабҳо муҳтоҷи онанд дар китобхонаҳои дигар мактабҳо бе соҳиб хобанд. Ғайр аз ин, китобҳои муҳлаташон гузашта, аз сабаби нарасидани мавод нигоҳ дошта мешаванд. Баъзе роҳбарони мансабдӯсторӣ мактабҳо ба ҷойи сабаби инро ҷустан, баръакс 2 даст пеши бар пӯшондани зарарро ба зимма гирифта, рӯйхати омӯзгоронро тартиб медиҳанду аз маоши омӯзгорон дошта мегиранд. Вале, гунаҳкорони асосӣ бемалол ба ҳоли омӯзгор писханд зада мегарданд. Бе ин ҳам маоши омӯзгор талла шуда истодааст. Дастурҳоро харед, дафтари роҳбари синфӣ, дафтари таҳлил, фалону бисмадон ҳам ба нафъи дигар. Баъзе дастурҳое меоянд, ки ба чизе намеарзанду бо ин коғазҳои сиёҳпардашуда дониши хонандаро баланд бардошта намешавад.

Воситаи асосие, ки боиси баланд шудани обрӯи омӯзгор ва соҳиби дониш шудани хонандагон аст, ин танҳо баланд бардоштани  қадру қимати омӯзгор ва маоши ӯст. «Нон бошад суруд ҳам мешавад» гуфтаанд. «Раҳмату бале»-ро болои нон молида нашавад ба гуфтаи амакзодаҳои мо-русҳо. Чунин камбудие, ки дар боло қайд шуд, дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам вуҷуд дорад. Ғайр аз ин савдогарон китобҳои дарсиро аз куҷо дастрас намуда, бо нархи қимат, онҳоро мефурӯшанд. Агар дар шуъбаи маориф инро надонанд, каси дигар намедонад.

Зикриё Дилшод,

ноҳияи Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter