ХАБАРИ ДОҒ

Кӯшониён: ба дарс наомадӣ, 20 сомонӣ ҷарима!

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

 

Гулнора Сайдалиева, мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР, аз н.Кӯшониён ба идораи газетаи СССР занг зада (тел:002444884), аз ҷаримаҳои нави роҳбарияти муассисаи таълимии №26 шикоят кард.

   - Аҷиб он аст, ки дар мактаби мазкур барои наомадан ба дарс ҳар 1 талабаро 20 сомонӣ ҷарима мекунанд. То ҷое ман маълумот дорам, вазири маориф ва илми ҶТ чунин дастур надодааст! Чунин ҳолат ҳатто дар литсей, гимназия ва мактабҳои Президентӣ дида намешавад. Ман ҳамеша зидди онам, ки кадрҳои ҷавон ба курсии роҳбарӣ нишинанд, оқибати интихоби кадрҳои ҷавон даст задан ба коррупсия мебошад ва ана натиҷа! Лутфан пеши роҳи ҷавононе, ки ба курсии роҳбарӣ нишаста, бидуни қонун ва дастурҳои роҳбарияти болоӣ, худсарона маблағ ҷамъ мекунанд, бигиред, вагарна фардо дер мешавад!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter