ХАБАРИ ДОҒ

Пахта, омӯзгор ва фронти зарбдор!

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 

Аз 15.11.2022 супориш ва ё фармон бошад, ки хонандагони синфҳои 7-11-и мактабҳои н.Масчоҳ бо омузгорон ба пахтачинӣ сафарбар карда шуданд.

Пахтачинӣ ҳам маъракаи сиёсӣ аст, бояд ҳар кас мадади худро расонанд. Вале чаро касе намепурсад, ки чаро пахта дар саҳро монду ниёз ба дастони муаллимону хонандагон расид? Сабаби асосӣ ин нархи пахта мебошад, ки арзон шуда, дигар мардум ба пахтачинӣ намебарояд!!!

Деҳқон аз пахтакорӣ ба ҷои фоида зарар мебинад. Ман мисол меорам: 1 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) 12 сомонӣ, 1 халтаи 50 килоии селитра 550-600 сомонӣ, шудгори 1 га замин аз 700 то 1000 сомонӣ, бараҳна кардан 900 сомонӣ, пошидани пунбадона низ 1000 сомонӣ…. Харидани заҳрхимикатҳо бошад, дарди сар шуда, фоида намерасонад. Дигар корҳо ва хароҷоти мавсимиро мисол наоварам хубтар аст, ки талхаи деҳқон мекафад. Ҳосил, ки расид, сафи галстукбастаҳову хуҷаинон зиёд шуда, «тиллои сафед»-ро харидорӣ менамоянд. Чаро аз болои нархи сӯзишворӣ, доруҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо касе назорат намебарад? Вазири кишоварзӣ боре омада дасти деҳқонро фишурда, ӯро дилбардорӣ кардааст? Агар нархи пахта хуб мешуд, хонандагон ва омӯзгоронро барои ҷамъоварии он сафарбар кардан ҳоҷат набудӣ…

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter